Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон стипендияи донишҷӯёни фаъолро, ки бо номи “Стипендияи президентӣ” машҳур аст, баланд карданд. Қаблан хонандагон ва донишҷӯёни фаъол 600 сомонӣ “Стипен дияи президентӣ” мегирифтанд, вале акнун миқдори он ба 840 сомонӣ расонида шуд. Фармон дар бораи баланд бардоштани “Стипендияи президентӣ”санаи 29- ноябр ба имзо расидааст.
Ёдрас мешавем, ки ин стипендия ба 3 ҳазор хонандагони мактабу литсейҳо ва донишҷӯёни коллеҷҳои кишвар дода мешавад, ки бо баҳои аъло таҳсил намуда, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Вазорат молияи Тоҷикистон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои пардохти стипендияи мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҳамасола маблағ ҷудо менамояд.