Formula novemver 2024
Стипендия, хӯрок ва хобгоҳи ройгон барои донишҷӯён
266

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва имконияташон маҳдуд бо стипендия ба миқдори 300 сомонӣ, як вақт хӯроки ройгон ва бо хобгоҳ низ таъмин карда шудаанд, ки ройгон мебошад.

Дар ин бора ректори Академия Даврон Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд.

Гуфта шуд, ки аз 28 нафар донишҷӯёни ятими кулл 7 нафар дар факултаи идоракунии давлатӣ, 3 нафар дар факултаи дипломатия ва сиёсат, 1 нафар дар факултаи ҳуқуқшиносӣ, ҳамчунин аз ҳисоби маъюбон дар факултаи идоракунии давлатӣ 6 нафар, дар факултаи дипломатия ва сиёсат 6 нафар, камбизоатон 3 нафар дар факултаи идоракунии давлатӣ ва 2 нафар дар факултаи дипломатия ва сиёсат таҳсил мекунанд.

Шумораи умумии донишҷӯён ва магистрони Академия дар соли 2023 ва 2024-ум 4839 нафар буда, аз онҳо 938 нафар ройгон таҳсил мекунанд. Аз шумораи зикршуда 1569 нафарро духтарон ва 3270 нафарро писарон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, 2617 нафар дар зинаи бакалавр, 426 дар зинаи магистратура, 51 нафар дар зинаи магистратураи Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва 39 нафар дар зинаи докторантура таҳсил мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД