formula feb 2025
Сомонаи Oila. tj соҳиби ҷоизаи “ MEDIA AWARD-2024” гашт
18.12.2024
Оила
573

 

Ба ифтихори “Рӯзи байналмилалии муҳоҷират” имрӯз дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гашта, як қатор кормандони васоити ахбори оммаи кишвар, журналистон ва блогерҳо барои инъикоси мавзӯъҳои гуногуни самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва саҳм гузоштан дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Фирӯза Сатторӣ, Сармуҳаррири сомонаи Oila. tj барои таҳияи беҳтарин силсилабарномаҳои видеоӣ дар мавзӯъҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ сазовори ҷоизаи “ MEDIA AWARD-2024” гашт. Ин ҷоизаро ба кулли мухлисону ҳаводорони сомонаи Oila. tj сидқан муборакбод гуфта, миннатдории самимонаи аҳли эҷоди сомонаро ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Иттиҳоди Аврупо ва ICMPD мерасонем.

Сомонаи Oila. tj ҳамеша мавзӯи муҳоҷирати меҳнатиро пайгирӣ намуда, барномаҳои ҷолиби видеоӣ, мақолаҳои таҳлилӣ ва хабарҳои тозатаринро дар боби қонунҳои муҳоҷиратӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, самтҳои нави муҳоҷират, роҳҳои пешгирии ғуломии меҳнатӣ, ҳаёти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва дигар кишварҳои хориҷӣ таҳия ва нашр менамояд.

Дар соли 2025 мо тариқи сомона ба шумо дар бораи роҳҳои осон ва қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ҷопон, Қатар, Куриёи Ҷанубӣ, Британияи Кабир ва дигар кишварҳо маълумоти муфассал дода, маслиҳатҳои муфиди беҳтарин коршиносони самти муҳоҷиратро пешкашатон мегардонем.

Бо Oila. tj бимонед ва аз хабарҳои нав ба нави муҳоҷиратӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД