Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи ҳавасманд гардонидани ҷоизадорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ қарор қабул кард. Он 18-уми сентябр баъди дидору мулоқоти шаҳрдори пойтахт бо ҳайати варзишгарони иштирокдори 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ қабул гардид.
Тибқи ин қарор, ба иштирокдорони 19-умин Бозиҳои тобистонаи Осиёӣ, ки дар Чин ҷараён дорад, барои касби мақоми аввал – кошонаи сеутоқдор, мақоми дувум – кошонаи дуутоқдор ва мақоми севум – кошонаи якутоқдор аз ҳисоби моликияти шаҳри Душанбе тариқи ройгон ҳамчун моликияти хусусӣ тақдим мешавад.
Дар қарори мазкур ҳадафи ин иқдом ҳавасманд гардонидани варзишгарон барои дастёбӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ва рушди варзиш дар Тоҷикистон гуфта шудааст.
Бояд гуфт, ки то кунун варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои Осиёӣ дар Ҳанҷоуи Чин дар риштаи ҷудо се медал - 1 тило, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд. Тибқи ин қарор Сомон Маҳмадбеков соҳиби хонаи сеҳуҷрагӣ, Тимур Раҳимов дуҳуҷрагӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода якҳуҷрагӣ мешаванд.
Дар баробари ин, ба ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ Ҷоизаи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ дода мешавад, ки ҳаҷми мукофоти он барои медали тилло 150 ҳазор сомонӣ, нуқра 100 ҳазор сомонӣ ва биринҷӣ 50 ҳазор сомонӣ мебошад
Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои осиёӣ дар Чин аз Тоҷикистон 118 варзишгар дар 18 риштаи варзиш ширкат доранд.