Тавре ки қаблан иттилоъ додем, дар рӯзи чоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ҷудочии Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков дар вазни – 81 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Баъди ба даст овардани медал дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Варзиш» Сомон Маҳмадбеков иброз дошт, ки медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024-ро ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми тоҷик мебахшад.
«Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии мо, ҷавонон изҳори минатдорӣ менамоям, — иброз намуд ҷудочӣ. — Маҳз ин дастгириҳо буд, ки ман тавонистам дар олимпиада соҳиби медал гардам».
Сомон гуфт, ки ин орзуи кӯдакияш буд ва ниҳоят ба он расид.