Нозия Кароматулло ягонадухтари хонадони сарояндаи зиндаёд Қароматуллои Қурбон имрӯз ҷашни мавлуд дорад.
Ӯ яке аз ситораҳои дурахшони санъати тоҷик аст, ки бо садои хушу марғуладораш дили ҳазорҳо мухлисонашро тасхир кардааст.
Нозияи Кароматулло 7 феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар хонаводаи овозхони саршиноси тоҷик Кароматулло Қурбон ба дунё омадааст.
Ӯ соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм намуда, баъдан дар шаҳри Деҳли ба курси академии дипломӣ оид ба вокал ва рақс дохил шудааст. Соли 2010 Консерваторияи Ҳиндустонро бо дипломи аъло хатм намуд.
Шӯҳрати Нозия аз солҳои 2010 дар байни мухлисон афзуд. Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки бародараш Муҳаммадрафи Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошад.
Аҳли эҷодии сомонаи “ОИЛА ТҶ” ба Нозия умри дароз ва тани сиҳатро орзумандем.