Соли навро чӣ гуна камхарҷ ҷашн бигирем?
104

Соли нав яке аз идҳои дӯстдоштаи мардум аст. Дар шаби Соли нав хонаводаҳо ҷамъ меоянд, дастархони идона меороянд ва бо орзуҳои нек соли куҳанро падруд мегӯянд. Аммо мушоҳида мешавад, ки барои бисёриҳо омодагӣ ба Соли нав бо хароҷоти аз ҳад зиёд ва ҳатто қарз гирифтан меанҷомад. Оё чунин рафтор зарур аст?

Қарз барои як шабу мушкил барои як сол

Коршиносон бар он назаранд, ки қарз гирифтан барои ҷашн дуруст нест. Соли нав як шаб аст, аммо қарз метавонад моҳу сол боқӣ монад. Ҷашне, ки бо қарз оғоз мешавад, метавонад ба фишори молиявӣ ва нооромии оилавӣ сабаб гардад. Ҳамчунин, дар бисёр хонаводаҳо дастархон чунон пурдабдаба ва серхарҷ мешавад, ки қисми зиёди таъомҳо пас аз ид истифода намешаванд. Ба партовгоҳ мераванд. Ин на танҳо исрофи пул, балки беэҳтиромӣ ба неъмат низ мебошад. Ин дар ҳолест, ки бо чанд таъоми одӣ ва миллӣ низ метавон фазои идонаро таъмин кард.

Чӣ гуна хароҷотро танзим намоем?

Аввал, тартиб додани нақшаи пешакӣ муҳим аст. Дар оғози харид маблағи муайянро ҷудо намуда, танҳо чизҳои заруриро харидан лозим аст. Дастархони хоксорона ва сарфакорона оростa шавад. Сифати хӯрок аз миқдор муҳимтар аст. Беҳтар аст, ки аз хариди намоишкорона худдорӣ намоед. Набояд фаромӯш кард, ки ид барои худу оила аст, на барои намоиш ба дигарон.

Туҳфаҳои рамзӣ интихоб намоед. Китоб, бозича барои кӯдак ё туҳфаи дастисохт арзишмандтар аз ашёи гаронбаҳо аст. Ҷашнро дар доираи оила баргузор кунед. Ҷашни хонаводагӣ камхарҷ, аммо пур аз меҳру муҳаббат аст. Ҳамин тавр, Соли нав пеш аз ҳама фурсатест барои шукргузорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва умеди нав. Шодии воқеӣ аз дастархони пурнеъмат не, балки аз муҳити гарми оилавӣ ва суханони нек ба вуҷуд меояд.

Биёед, Соли навро бе қарз, бе исроф ҷашн гирем.

Соли нави 2026 муборак!

У. РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД