Formula novemver 2024
СОЛИ ХОНИШ АЗ 15-УМИ АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД?
3037


Дар байни мардум сару садоҳо дар боби он ки имсол таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 15 август оғоз меёбад, хеле зиёданд.

Ба хотири фаҳмидани он ки ин овозаҳо то куҷо асос доранд, мо ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон занг задем.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин овозаҳоро беасос хонда, қайд кард, ки танҳо ба хотири мутобиқшавӣ хонандагони синфи якум 10 –рӯз қабл аз оғоз ёфтани соли таҳсил ба муассисаҳои таълӣ ҷалб карда шуда, толибилмони дигар аз 1-уми сентябр ба дарсҳо шуруъ мекунанд.

Дар қарори ба тавсиб расидаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон омадааст, ки бо мақсади ташкил ва баргузор намудани давраи мутобиқшавӣ хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ аз 9 то 20 август ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда мешаванд.

“Ба сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супорида шавад, ки барои амалӣ намудани Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум ба муҳити муассисаи таълимӣ тадбирҳои саривақтӣ андешанд”, омадааст дар қарор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД