Sebiston new 2024 october
Соли харгӯш ба кӣ хушбахтӣ меорад?
4348

 

Салом муштариёни азизи сомонаи Оила! Мову шумо дар остонаи соли нави мелодӣ қарор дорем. Соле, ки меояд аз рӯйи тақвими шарқӣ соли Харгӯш аст. Мехоҳед донед, ки Харгӯш ба зиндагии зодагони дигари бурҷҳо чи таъсир мерасонад? Пас таваҷҷӯҳ намоед!

 Муш

Соли харгӯш барои шахсоне, ки дар соли Муш таваллуд шудаанд, бисёр бобарор меояд. Шуморо ҳам дар ҷодаи кор ва ҳам дар ҳаёти шахсӣ навигариҳои бисёре интизоранд. Духтарҳои солашон мӯш дар соли нав бахти худро пайо намуда, шоҳзодаи орзуҳояшонро меёбанд. Дар хонадони мушҳои оиладор тавлиди фарзанди нав дар назар аст. Фақат дар тиҷорат ва савдо зодагони соли Муш бояд хеле эҳтиёткор бошанд, чунки хатари фиреб хӯрданашон вуҷуд дорад.  

Бақар

Бақарҳо дар соли Харгӯш самари заҳматҳои дар соли 2022 кашидаи худро мечашанд. Шуморо болоравӣ дар зинаҳои мансаб ва комёбӣ дар тиҷорат интизор аст. Барои одамони солашон Бақар дар соли 2023 танҳо дар ҷодаи ишқ баъзе мушкилиҳо ба вуҷуд омада метавонанд. Хушбахти худро аз даст додан нахоҳед, саркаширо як тараф гузошта, тамоми нофаҳмиҳоеро, ки байни шумо ва ҷуфтатон ба миён меоянд, оромона, бе ҷангу ҷанҷол ва доду вой ҳал кунед.  

Паланг

Барои палангҳое, ки соҳиби мансаб ва касбу кори сердаромад шудан мехоҳанд, соли Харгӯш айёми беҳтарин аст. Дар ин сол ба рӯйи шумо дари имкониятҳои нав ба нав кушода мешавад. Ба кадом коре, ки даст назанед, албатта муваффақ мегардед, ба шарте, ки аз таҳти дил ва бо ҷидду ҷаҳд кор кунед. Фақат дар муносибатҳои ошиқона ва оилавӣ палангҳо дар соли Харгӯш бояд хеле эҳтиёткор бошанд. Шахсоне, ки дар соли паланг ба дунё омадаанд, табиатан бадрашк ва худпараст мешаванд, аммо дарсоли Харгӯш шумо бояд ба эҳсосот дода нашавед, вагарна танҳо мемонед.

 Харгӯш

Харгӯш имсол ҳокими сол васт ва одамоне, ки дар соли харгӯш ба дунё омадаанд, дар соли 2023 дар тамоми ҷодаҳои ҳаёт комёб мегарданд. Харгӯшҳоро дар ҷодаи касбӣ дастовардҳои нав ба нав итизоранд. Тиҷорати харӯшҳо дар ин сол бисёр бобарор шуда, даромади калон ба даст меоранд. Акнун каме дар бораи ишқу муҳаббат! Харгӯш ба оила бисёр содиқ буда, барои наздиконаш ҷони худро низ дареғ намедорад, аз ҳамин хотир ба шумо маслиҳат дода мешавад, ки барои зану фарзандонатон вақти бештар ҷудо намоед. Соли Харгӯш барои барқарор намудани муносиатҳои устувори ошиқона ва бунёди оила вақти беҳтарин аст.

Наҳанг

Мувофиқи толеъномаҳо соли Харгӯш ба шахсоне, ки дар соли наҳанг ба дунё омадаанд, дар кор ва зиндагии шахсӣ ҳаёти осударо ваъда додааст. Имсол шумо имкон доред, ки бо заҳмати начандон зиёд дармади хуби иқтисодӣ ба даст оваред. Барои беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила айёми беҳтарин аст. Нияти таъмири хона ё хариди ашёҳои техникии рӯзгорро дошта бошад, бе дудилагӣ аз паси кор шавед, чунки харгӯш ба амали гаштани орзую ниятҳои зодагони соли наҳанг мусоидат мекунад. Наҳангҳои танҳо дар соли 2023 ишқи худро пайдо карда, оилаи хушбахт барпо менамоянд.

 Мор

Дар соли 2023 хислатҳои роҳбарикунандаи Мор беш аз пеш ошкор хоҳанд шуд. Бисёре аз морҳо дар соли Харгӯш дар ҳама кор пешсаф гашта, даромади хуби молиявӣ ба даст меоранд. Морҳое, ки ҳанӯз таҷрибаи зиёд надоранд ва дар ҳолати омӯзиш мебошанд, бо шахсоне во мехӯранд, ки барояшон роҳнамо гашта, ба онҳо бисёр чизҳои навро ёд медиҳанд ва барои комёб гаштанашон ёрӣ мерасонанд. Дар ҳаёти шахсии одасоне, ки дар соли мор ба дунё омадаанд, навигариҳои зиёд дар назар дошта нашудааст, вале хатари ҷудоӣ ва шикаст низ шуморо таҳдид намекунад.  

Асп

Шахсоне, ки солашон асп аст, дар соли 2023 ба лаҳзаҳои пурташвиш дар кор бояд омода шаванд, вале ин санҷишҳо шуморо ба фишор тобовар ва тавонотар мегардонад. Сахтгирии роҳбарият боиси он мегардад, ки шумо ҳамчун муттахассис дониши худро баланд бардошта, барои дар оянда дар вазифаҳои баландтар кор кардан тайёр шавед. Дар ҳаёти шахсии зодагони соли асп низ навигариҳои зиёде рӯй медиҳад. Нимаи дуюми сол шумо бо ишқи ҳақиқӣ вомехӯред ё соҳиби фарзанд мешавед.  

Гӯсфанд

Дар соли 2023 шахсоне, ки дар соли гусфанд ба дунё омаааанд, имкони ба зинаҳои баланди мансаб расиданро пайдо мекунанд, вале барои ин ба атроф бодиққат назар карда, бо одамони даркорӣ муноситбатҳои дӯстона барпо намудан лозим аст. Дар ҳаёти шахсии зодагони соли гусфанд имсол ҳодисаҳои фараҳбахши зиёде рӯй медиҳанд. Шиносоии тасодуфӣ метавонад боиси аланга задани оташи ишқ дар дили шумо гашта, зиндагиатонро рангу маънии дигар бубахшад. Барои хариду фурӯш айёми бобарор аст, вале дар тиҷорат беандеша амал намуданро ба шумо тавсия намедиҳем. Ба бозиҳои қимормонанд дил набандед, чунки хавфи фиреб хӯрданатон вуҷуд орад.  

Ҳамдуна

Шахсоне, ки дар соли ҳамдуна, яъне маймун ба дунё омааданд, имсол бештар ба муваффақиятҳои касбӣ ноил мегарданд. Ҳамдунаҳои ҷавон бо дастгирии мураббиён ва устодонашон ба озмунҳои байналмиллалӣ роҳ ёфта, ғалаба ба даст меоранд. Зодагони соли ҳамдуна, ки дар идораҳои давлатӣ кор мекнанд, имсол бениҳоят серкор ва серташвиш мешаванд. Барои то нимаҳои шаб дар офис мондан тайёр бошед, вале заҳмати шумо бе натиҷа намонда, албатта соҳиби мукофот мегардед. Ҳайти шахсии зодагони ин сол мисли дарё пур аз авҷу мавҷ ва пастию баландиҳост. Шумо ба шикаст рӯ ба рӯ намешавед, агар ба ҷуфти худ хиёнат накунед. 

Мурғ

Шахсоне, ки дар соли мурғ ба дунё омадаанд, дар соли 2023 асосан ба ҳаёти шахсӣ ва оила тамаркуз хоҳанд кард. Соли харгӯш барои мурғҳо чандон серташвиш нест ва шумо имсол дар ҷойи кор заҳмати бисёр накашида, дар доираи одамони наздиктаринатон истироҳат карда метавонед. Барои оғози тиҷорати хурд айёми мусоид аст, вале ба шахсоне, ки дар ин ҷода таҷриба надоранд, кӯркӯрона ба тиҷорати калон даст заданро тавсия намедиҳем. Дар муносибатҳои ошиқона бошад, имсол зодагони соли мурғро навигариҳои зиёде интизоранд. Мулоқотҳои романтикии ҳаяҷоновар шуморо то қасри бахт бурда метавонад. 

Саг

Соли 2023 барои шахсоне, ки дар соли саг ба дунё омадаанд, соли тағйиротҳои нав ба нав хоҳад буд. Бисёре аз зодани соли саг дар соли харгӯш касбашонро иваз мекунанд, ба кори дигар мегузаранд ё ягон роҳи усули нави ба даст овардани даромади пулиро пайдо мекунанд. Дар ҳаёти шахсии одамони солашон саг низ навигариҳои бисёре ба вуҷуд омадаметавонанд. Ҳанӯз оиладор нашуда бошед, ба атрофи худ бодиққат нигаред, чунки дар соли харгӯш зодагони соли саг имкони пайдо кардани ҷуфти худ ва бунёд намудани оилаи хушбахтро доранд. Онҳо,ки аллакай ҷуфти худро пайдо кардаанд, соҳиби фарзанд гашта, ҳаёташон боз ҳам рангинтар хоҳад гашт. 

Хубон

Зодагони соли хубон, яъне хукро дар соли 2023 сафарҳои зиёде дар пеш интизоранд. Эҳтимоли зимни яке аз ин сафарҳо бо ишқи ҳақиқӣ рӯ ба рӯ гаштанатон вуҷуд дорад. Мушкилиҳое, ки дар соли 2022 дар пешорӯи шумо пайдо шуданд, дар соли харгӯш худ аз худ ҳал шуда мераванд. Ба бисёр хукҳо пешниҳод карда мешавад, ки дар робита бо кор ҷойи зисташонро тағйир диҳанд ё ба сафари дарозмуддати корӣ ба хориҷи кишвар раванд.Аз нигоҳи иқтисоди имсол барои одамони солашон хук бисёр бобарор шуда, шанси дар лоторея бурд кардан, соҳиби мерос гаштан ва бо роҳҳои дигар даромади калони пулӣ ба даст оварданашон вуҷуд дорад.

Дар маҷмуъ соли харгӯш соли хуб буда, ҳамаи мову шуморо дар ин сол ҳаёти осоишта ва пур аз лаҳзаҳои ширни зиндагӣ интизор аст.

Соли наватон муборак!        

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД