Тибқи тақвими Шарқӣ соли 2026 соли асп аст ва онро “Аспи оташ” унвон додаанд, ки рамзи қуввату нерӯ, озодӣ, ғурур ва энергияи бузург мебошад. Ин сол чӣ гуна хоҳад буд ва ба мо чӣ меорад?
Тамоми орзуҳо амалӣ мегарданд, агар...
Соли асп бисёр соли бобарор ва замонест, ки худи зиндагӣ гӯё ба мо мегӯяд: Аз орзу кардан натарсед! Аз амал намудан натарсед! Бо дили пур ва иродаи қавӣ барои хостаҳои хостаҳои худ талош карда, комёб гардед!
Асп чӣ мехоҳад?
Аспи оташинниҳод хасисию майдабозӣ ва қарорҳои номуайяну нақшаҳои нимколаро дӯст намедорад. Ба асп идеяҳои миқёсашон васеъ писанд буда, одамони далер ва ростқавлиро қадр мекунад. Агар нақшаҳои аниқ кашида, барои амалӣ гаштанашон талош намоед, ин сол метавонад ба шумо чунин дастовардҳоро тақдим намояд:
Пешрафт ва имкониятҳои наве, ки кайҳо боз интизораш будед
Он чизе, ки муддати тӯлонӣ дар ҳолати рукуд қарор дошт, метавонад ба таври ногаҳонӣ бо суръати баланд рушд намояд ва амалӣ гардад. Агар шумо лоиҳа ё кори ба сомон нарасонидае доред, ки натавонистед дар соли 2025 онро анҷоми диҳед, метавонед дар соли нави 2026 онро бо муваффақият анҷом дода, соҳиби даромади калон ва мукофоту қадрдонӣ бигардед.
Илҳом ва пешравиҳои эҷодӣ
Соли асп соли ҷушу хурӯши илҳом ва пешравиҳои эҷодии мардуми эҷодкор аст. Идеяҳо мисли фаввора худ аз худ сар мезананд ва амалӣ гардонидани идеяҳо дар ин сол осонтар мешавад.
Қувваи ботинӣ
Асп онҳоеро дастгирӣ мекунад, ки барои тағирот омодаанд, аз ҳақиқат наметарсанд ва мехоҳанд дар болои худ кор кунанд. Асп ба ин тоифа қувваи бузурги ботинӣ эҳдо намуда, дари муваффақият ва барору комёбиҳоро ба рӯяшон боз мекунад.
Шиносоиҳои нави тақдирсоз
Дар соли асп шуморо шиносоиҳои нав ба наве интизоранд, ки метавонанд дар ҳаётатон дигаргуниҳои куллиро ба вуҷуд оранд. Саёҳат, тағйир додани ҷойи кор, кӯчидан ба шаҳри дигар ё манзили нав дар соли нав бобарор буда, шуморо бо одамони наҷибе рӯ ба рӯ месозад, ки ба рӯйи шумо дарвозаи имкониятҳои навро боз мекунанд ва ҳаётатонро тағйир медиҳанд.
Халосӣ аз чизҳои кӯҳна ва нодаркор
Асп бори нолозимро кашола намекунад, бинобар ин, дар соли нави 2026 аз баҳри тамоми чизҳое, ки ба шумо кайҳо боз шодӣ намеоранд, гузаред. Нақшаҳои бузурги нав ба нав кашида, нотарсона аз пайи амалӣ намуданашон шавед, он гоҳ асп шуморо ба қуллаи орзуҳоятон мерасонад.