formula feb 2025
Соли 2025 гармтарин сол дар таърихи ҷаҳон мегардад
600

Соли 2025 яке аз 5 соли гармтарин дар таърихи ҷаҳон хоҳад гашт. Дар ин бора расонаи қирғизии “НБ Новости Бишкек” хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ сабаби гармшавии ҳаво дар ин сол чунин аст: “Ҳарорати сайёра аз ҳисоби газҳои гулхонаӣ ва гармие, ки аз уқёнусҳо хориҷ мешавад, боло меравад”.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ иқлимшиносон тасдиқ карда буданд, ки соли 2024 гармтарин сол дар таърих буд.

Олимон аз Хадамоти аврупоии тағйирёбии иқлим «Коперник» пас аз таҳлили маълумоти 11 моҳ - шуруъ аз январ то ноябри соли 2024 ба ин хулоса омада буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД