Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj дар мавриди қазияи ҷавонзани серфарзанди тоҷик Таҳмина Самадова, ки дар Русия ба ӯ сароғоз сертификати манзил тақдим намуда, баъдан бо иттиҳоми қаллобӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои сохта ин занро ба маҳбас кашиданд, посух гуфт.
Ӯ зикр намуд, ки “Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия қазияи зани серфарзанди тоҷик Таҳмина Самадоваро пайгирӣ менамояд. Ин зан солиёни зиёдест, ки бо аҳли оилааш дар Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии Федератсияи Русияро дорад. Айни замон мақомот нисбати ин зан парвандаи ҷиноятӣ боз намудаанд. Азбаски ҳанӯз тафтишот идома дорад, мо ҳуқуқи дахолат кардан надорем, вале тақдири ин зани тоҷик, ки 7 фарзанди хурдсол дорад, барои мо бетафовут нест. Намояндагӣ қазияи Таҳмина Самадоваро пайгирӣ хоҳад кард. Умедворем, ки мақомоти Русия аз рӯйи принсипи инсондӯстона рафтор намуда, фарзандони ноболиғ доштани ин занро ба инобат мегиранд ва ба Таҳмина Самадова ҷазои сабуктар таъин мекунанд...”.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти Русия Таҳмина Самадоваро ба қаллобӣ муттаҳам карда истодаанд ва дар сурати исбот шудани айби нисбаташ эълоншуда ба ин зани тоҷик, ки 7 фарзанди хурдсол дорад, то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.