Солеҳ Аҳмадӣ, шоири даризабони Афғонистон ду сол аст дар Тоҷикистон иқомат дорад. Мегӯяд, ба Тоҷикистон меҳри беандоза дошта, худро дар ин ҷо бегона эҳсос намекунад. Дар остонаи Ҷашни фархундаи Наврӯз мо бо эшон дар Наврӯзгоҳи пойтахт во хӯрдем ва суҳбат оростем.
Муҳити ин ҷо дигар аст
- Оқои Аҳмадӣ, шумо ду сол аст, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунед. Муҳиту фазои ин ҷо бароятон чӣ гуна аст?
- Сабаби асосии ба Тоҷикистон омадани ман пеш аз ҳама ба вазъи Афғонистон иртибот мегирад. Чун дар муҳити маънавии мо маҳдудиятҳои зиёде ҷорӣ шуд, хоса дар мавриди таҳсили духтарон. Бинобар ин, маҷбур шудем тарки Ватан кунем. Ҳамакнун ду сол аст, ки дар Тоҷикистон ҳастам ва шукр, ки худро озод ҳис мекунам.
- Дурӣ аз Ватан бароятон мушкил нест?
- Албатта, осон нест, вале дигар чора нест. Ҳар кас дӯст дорад, ки зиндагии орому роҳат дошта бошад. Бинобар ин кишвари ҳамсояву ҳамтабори худ Тоҷикистонро интихоб намудам, то дар ин ҷо фироқи Ватанро камтар эҳсос кунам.
- Айни ҳол дар куҷо фаъолият мебаред?
- Шуғли асосиам телекомуникатсия аст. Аз рӯйи ин ихтисос чандин сол дар Афғонистон кор карда будам. Вале мутаассифона, дар Тоҷикистон шароит ба ман даст надод, ки аз рӯйи ихтисосам фаъолият намоям. Ҳамин гуна, ба корҳои мухталиф машғул шудам, аз ҷумла дӯзандагӣ...
- Яъне эҷоду адабиёт ин касби асосии шумо нест?
- Адабиёт бахши ҷудогона аст, ин завқи шахсии ман аст, ки анқариб 16 сол боз бо он ҳастам.
- Муҳити маънавии Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
- Ман ростӣ зиёд кишварҳоро гаштам ва фарҳангу анъанаҳои бисёреро дидам, вале фазову муҳити ин ҷо дигар аст. Гувоҳи асосиаш, пазироӣ кардани Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хоса аст. Дар бахши адабӣ бо шахсиятҳои зиёд ҳамнишину дӯст гаштем, аз нигоштаҳои онҳо омӯхтаву фарҳанги тоҷикиро балад шудем. Хулоса, хело таҷрибаҳо андӯхтам.
Вазъ онгунае нест, ки расонаҳо менависанд
- Воқеан, феълан вазъ дар Афғонистон чӣ гуна аст?
- Агар содиқона бигӯем, дар Афғонистон ин муддат амнияту оромӣ ҳаст, вале мушкили гурӯҳи дар сари қудратбуда бо анъанаҳои мардум, озодии мардум ва забону фарҳанги мардум идома дорад.
- Ин амалҳояшонро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?
- Онҳо аксаран инро ба дин рабт медиҳанд, дар ҳоле ки ҳеҷ иртиботе ба дин надорад. Ҳадафҳои аслиашонро бошад, худ медонанд.
- Бархе мегӯянд, вазъ дар Афғонистон он тавре нест, ки расонаҳо нишон медиҳанд. Назари шумо чӣ гуна аст дар ин маврид?
- Бале, расонаҳо як кам зиёдаравӣ мекунанд. Мардуми одӣ пайи зиндагии худ ҳастанд. Аммо дар кулл мардум аз чизе, ки ранҷ мебаранд, ҳамин маҳдудияҳост, ки хосатан ба занҳо равона шудааст. Феълан дар Афғонистон сурудани шеъри ошиқонаро ҳам манъ кардаанд. Суруду мусиқӣ комилан мамнуъ гаштааст. Мушкили дигар бекории қисми зиёди мардум аст.
- Бештари шаҳрвандони Афғонистон баъд аз даргириҳои сиёсӣ ба кишварҳои Аврупову Амрико паноҳанда шуданд. Шумо ҳам нияти он ҷо рафтанро надоштед?
- Албатта ин ба вазъи молиявӣ вобаста аст. Феълан дар Тоҷикистон зиндагӣ хуб аст ва интизорем, ки баъд чӣ мешавад.
“Толибон” комилан Наврӯзро манъ карданд
- Чун дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз қарор дорем, мехостам бипурсам, ки ин суннатҳои ниёкон дар Афғонистон чӣ гуна таҷлил мешавад?
- Қабл аз Ҳукумати “Толибон” Ҷашни Наврӯз бо шукуҳу шаҳомат пазироӣ мешуд. Русуму анъаноти хеле қашанг доранд мардуми Афғонистон. Мардум рӯзи Наврӯз аз хонаҳо мебаромаданд ва якдигарро бо ҷашн табрик мегуфтанд. Ба дашту даман баромада, шеъру сурудхонӣ мекарданд. Суфраи наврӯзӣ паҳн кардаву хушнудӣ мекарданд. Ҳамин гуна анъаноти қашанге буд, ки мутаассифона бо омадани гурӯҳи “Толибон” комилан манъ гаштанд.
- Муносибат бо дигар суннатҳои ниёкон чӣ гуна аст?
- Ҳеҷ якеаш таҷлил намешавад, ба ҷуз аз идҳои Рамазон ва Қурбон.
- Наврӯзи Тоҷикистон аз Афғонистон чӣ фарқ дорад?
- Албатта шумо дар назар доред, замонеро ки Наврӯз таҷлил мешуд. Анъанаҳои мо ба ҳам монанд ҳастанд. Дар Афғонистон рӯзи Наврӯз ҷандаи наврӯзӣ баланд мешавад, ки ин ҷо ман вонахӯрдам. Ё ин ки ҳафтшину ҳафтсину ҳафтмим дорем мо, вале ҳафтмимро дар Тоҷикистон надидам.
Умед ба оянда
- Мехостам аз рӯзгоратон бипурсам. Хонаводаатон ин ҷо бо шумо ҳастанд?
- Бале ҳамроҳи мананд. Писари калониам бистсола аст, аз он хурдтар 17 ва духтарам 22 сола Ҳамчунин, ду кӯдаки хурд ҳам дорам, ки яке 10 сола ва дигаре 7 сола, ҳарду мактабхонанд.
- Аз нақшаҳои баъдӣ бигӯед. Дар Тоҷикистон мемонед ё ба ягон кишвари дигар меравед?
- Нақшаи хосе надорам. Феълан ин ҷо ҳастем ва талош мекунем зиндагӣ кунем. Феълан ман кушиш дорам бо адибони тоҷик ҳамкорӣ ба роҳ монам ва дар барномаву анҷуманҳояшон иштирок кунам. Ин ки дубора ба Афғонистон меравам ё не, ба тағйири низоми ин кишвар вобастагӣ дорад.
- Ояндаи Афғонистон аз дидгоҳи Шумо?
- То вақте ки дар Афғонистон як давлати мақбули ҳама сохта нашавад, зиндагӣ беҳтар нахоҳад буд. Ин тағйирот ҳатман меояд. Вазъ ҳамин гуна намемонад, он гунае, ки бо давлатҳоисобиқа рух дод.
Мусоҳиб: Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ
ЯК ШЕЪР АЗ СОЛЕҲ АҲМАДӢ
Мо аз кавире ташна ба борон расидаем,
Вайронаро гузашта, Гулистон расидаем.
Мо дар кинори мардуми хушқалби Осиё,
Назди бародарону таборон расидаем.
Аз ҷаҳлу хурофот, ҳама кардаем фирор,
Дар сарзамини донишу ирфон расидаем.
Бо «Бӯйи ҷӯйи Мӯлён»-у Панди Рӯдакӣ
Дар зери чатри давлати Сомон расидаем.
Аз хонаву кошонаи худ кардаем видоъ,
Дар Мулки Тоҷдори Хуросон расидаем.
Мо ташнаи озодиву сулҳу муҳаббатем,
Бо сад умед, паҳлуйи ёрон расидаем.
Захми дили мо хеле амиқ асту бедаво,
Дар сарзамини дору ва дармон расидаем.
Оғӯши худ кушода ба мо марде хирадманд,
Дар сояи «Имом Алӣ Раҳмон» расидаем.