Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар чорабинии мутамарказонидашудаи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» таҳти унвони «Якҷоя ба сӯйи саломатӣ. Якҷоя ба сӯйи илм” баргузор мегардад.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, чорабинии мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ имрӯз, 6-уми апрел соати 8:00 дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнторологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашта, дар доираи он шаҳрвандон аз ҷониби мутахассисону сармутахассисони соҳавӣ ва бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба ташхису муоина ва машварати ройгон фаро гирифта мешаванд.
Дар тамоми муассисаҳои табобатию пешгирии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ” санаи 7-уми апрели соли равон аз соати 8:00 оғоз мегардад.
Санаи 8-уми апрел соати 8:00 дар тамоми муассисаҳои тандурустии ВМКБ чорабинии мазкур баргузор хоҳад шуд.
Бинобар ин, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда шудааст, ки дар рӯз ва вақти муайянгашта ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисти худ ташриф оварда, хизматрасонии тиббии ройгон бигиранд.