Arzon march 2024
Сокинони Душанберо барои нигоҳдории чорво дар хона муҷозот мекунанд
414

Шаҳрдории Душанбе ба маълумоти сокинони пойтахт мерасонад, ки муҳлати нигоҳ доштани чорво дар шаҳр ба охир расидааст ва шахсоне, ки то ба ҳол дар ҳавлии худ гову гӯсола, бузу гӯсфанд ва дигар намуди чорвои хонагиро нигоҳ медоранд, муҷозот карда мешаванд.

Нигоҳдории чорво дар шаҳр қаблан ба муҳлати 2 сол дароз карда шуда буд, вале аввали соли равон ин муҳлат ба охир расида, минбаъд барои нигоҳ доштани чорво дар манзили худ сокинони пойтахт аз ҷониби мақомот муҷозот карда мешаванд.

Тавре Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст, дар натиҷаи санҷиш дар чанд рӯзи охир дар пойтахт зиёда аз 200 ҳолати нигоҳдории чорво дар хона ошкор карда шудааст. Гуфта мешавад, ки нисбати соҳибони чорво бо моддаи 480-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, ин ашхос муҷозот карда шудаанд.

Ба сокинони шаҳри Душанбе, ки то ба ҳол дар манзилашон чорвои хурд ё калони шохдорро нигоҳ медоранд, тавсия дода шудааст, ки ҳарчи зудтар ин масъаларо ҳал намоянд, зеро санҷиш идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД