goodwell
Сокини Ваҳдатро дар Душанбе бо ҷурми дуздии дучархаҳо дастгир карданд
28.04.2026
Oila.tj
59

Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ноболиғ Ризоев С., сокини 16-солаи шаҳри Ваҳдатро дастгир намудаанд, ки тавре зикр мегардад, мунтазам ба содир намудани ҷиноятҳои дуздӣ машғул мешудааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, муайян карда шудааст, ки “номбурда соли 2024 барои даст доштан дар зиёда аз 32 ҳолати дуздии дучарха ва скутерҳои барқӣ ба ҷавобгарӣ ҷалб гардида, нисбати ӯ ва волидонаш чораҳои дахлдори қонунӣ татбиқ гардида буданд. Бо вуҷуди ин, номбурда кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз назди манзилҳои истиқоматӣ дучархаҳоро тасарруф менамудааст. Айни замон зиёда аз 10 ҳолати ҷиноятҳои дуздии содирнамудаи Ризоев С. ошкор карда шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад”.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки нисбат ба таълиму тарбияи наврасон масъулияти ҷиддӣ эҳсос намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД