goodwell
Сокини Душанбе дар қасдан вайрон кардани молу мулк гумонбар аст
25.06.2026
Oila.tj
119

Каримов Ҳусейн, соли таваллудаш 1996, сокини шаҳри Душанбе дар содир намудани ҷинояти қасдан вайрон кардани молу мулк гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, зимни санҷиш аз ҷониби нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳияи И. Сомонӣ муайян гардидааст, ки гумонбаршаванда дар ошхонаи «Имбир» фаъолият намуда, санаи 24-уми июни соли ҷорӣ бо соҳибмулки ошхонаи мазкур муноқишаи лафзӣ намудааст. Дар ҳолати қаҳру ғазаб ба берун баромада, бо истифода аз санг тирезаи воситаи нақлиёти тамғаи «Ренҷ-Ровер»-ро, ки ба соҳибмулки ошхона, шаҳрванд Бутаев П. тааллуқ дорад, зада шикаста, ба ҷабрдида зарари молу мулкӣ расонидааст. Оид ба ҳодисаи мазкур маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди санҷиши пешакӣ қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ҳамчун ҷиноят ба ҳисоб рафта, тибқи талаботи моддаи 255-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷиноятӣ, аз ҷумла ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол пешбинӣ гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД