Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо рафти корҳои ободонӣ дар ду соҳили Сирдарё шинос шуд. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Сир барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр ва меҳмонон шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.
Тибқи лоиҳа аз пули кӯҳнаи шаҳри Хуҷанд то пули «Ҷашнӣ» роҳрав бунёд карда мешавад, ки дарозиаш 2 км ва паҳнои он беш аз 8 метрро ташкил медиҳад.
Дар ин мавзеъ ҳамчунин таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳои замонавӣ гузошта мешаванд.
Ҳамин тавр соҳили дарёси Сир ба макони истироҳативу варзишӣ табдил хоҳад ёфт.
Ҳоло корҳои чароғонкунӣ ва панҷарабандӣ оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ба анҷом расонида мешаванд.
“Дар шафати соҳил бунёди биноҳои баландошёнаи гуногун дар назар дошта шудааст, ки метавонад шаҳри Хуҷандро ҳамчун маркази сайёҳиву истироҳатӣ дар минтақа муаррифӣ намояд”-навиштааст Ховар.
Соҳили Сирдарё макони дӯстдоштаи сокинон мебошад. Татбиқи лоиҳаҳои нав дар ду соҳили дарёи Сир марҳилаи нави рушди шаҳри Хуҷанд буда, ин минтақаро ба яке аз беҳтарин мавзеъҳои истироҳатӣ табдил хоҳад дод.