Кормандони мақомоти милитсия дар пайи арзу шикояти сокинони шаҳр дар боби аз ҷониби марказҳои дилхушӣ халалдор намудани оромии онҳо дар вақти шабона соҳибони ду маркази дилхуширо боздошт намудаанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, барои халалдор намудани оромии сокинон соҳибони марказҳои дилхушии “Ситора” ва “Шоми Фархор” аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шудаанд. Дар хабар омадааст, ки боздоштшудагон фаъолияти хдро дар вақти ғайрикорӣ ба роҳ монда, бо садои баланди мусиқӣ ва дигар овозҳои гӯшхарош оромии сокинони маҳаллиро халалдор менамудаанд.
Нисбати соҳибони ин ду маркази дилхушӣ ҳуҷҷатҳои зарурӣ тартиб дода шуда, суд онҳоро ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ маҳкум намудааст.