arzon replenishment
Соҳибкорони чинӣ дар Хуҷанд аз партов неруи барқ истеҳсол мекунанд?
1099

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин масъалаи истеҳсоли неруи барқро бо коркарди партов ба миён гузоштанд.

Таъкид шуд, ки дар кишвари мо саноатикунонии босуръати мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегӣ ба шумор рафта, давлат барои ташкили корхонаҳои нави саноатӣ бо шарикони хориҷӣ ҳамкории пурсамарро ба роҳ мондааст. Соҳибкорони тоҷик бо соҳибкорони Чин ҳамкории густурда дошта, айни замон дар вилояти Суғд лоиҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд.

Ҷониби Чин иброз доштанд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба тавлиди энергияи «сабз» таҷрибаи калон доранд ва дар ин самт метавонанд ҳамкорӣ намоянд. Ба таъкиди сармоягузорони чинӣ, ширкати онҳо бо истифода аз илму фани замони муосир аз боду офтоб ва коркарди партовҳо неруи барқ истеҳсол менамояд ва ҳавасманд аст, ки бо вилояти Суғд ҳамкорӣ намояд.

Ҷонибҳо ба хулосае расиданд, ки масъалаи истеҳсоли неруи барқ бо коркарди партов дар шаҳри Хуҷанд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД