Медонем, ки шумо тарафдорӣ қонун ҳастед. Вале баъди муроҷиатҳои пай дар пай ба мақомотҳо фаҳмидем, ки қонун набудаст, ҳама тағабозӣ будаст. Ҳамин қадар мо муроҷиат мекунем, ки чораашро бубинанд. Инҷо ҷои хӯрдани мо аст, ҷои пӯшидани мо, ҷои зиндагии мо аст. Мо зан дорем кӯдак дорем ва аз ҳисоби инҷо рӯзгормона пеш мебурдем. Мо як умр дар ҳамин магазин будем, лекин касе моро нагуфт ва ҳатто ҳалномаи судро беогоҳии мо бароварданд. Ин чӣ гуна қонун аст?
Анас Юнусов, соҳибкори тоҷик , ки дирӯз мағозааш бо номи “Амина” ки дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, аз се ошёна иборат аст, чаппа карда истодаанд. Тавре соҳибкори ҷабрдида дар назди дурбунӣ журналистон мегӯяд, пеш аз ин моро огоҳ накарда буданд ва ҳалномаи суд низ беиштироки мо бароварда шудааст.
“Чанд бор ба ҳукумати ноҳияи Фирдавсӣ, пркуратураи ноҳияи Фирдавсӣ, прокуратураи шаҳрӣ муроҷиат кардем, вале чорае надиданд ва гуфтанд, ки худатон созиш кунед. Ин соҳибкор идао дорад, ки ширкати сохтмони “ТОҶ МЕЪМОР”, ( дар ҳуҷҷат, вале ҷои дигар “Суғдиён” навишта шудааст ) ки сохтмонашро оғоз кардааст, мехоҳад ҳарчӣ зудтар моро аз инҷо ронад. Мо пештар суҳбати шифоӣ доштем. Дар аввал ваъдаҳо дигар буд, вале дар охир аз ҳамааш даст кашиданд, гуфтааст дар суҳбаташ бо хабарнигорон.
Анас Юнусов мегӯяд, дар биное, ки чаппа карда истодаанд, тақрибан 30 оила зиндагӣ мекунад ва барои бино кардани он тақрибан 900 000 доллар сарф кардаанд. Тақрибан 40 000 доларда таъмир карда будам, ба ғайр аз ин 150 000 доларда бор доштам. Се камаз боромона бор кардам, вале ҳамаашон пури лою хок шудаанд, гуфт ӯ.
Дида мешавад, ки рӯйпушӣ собикор даридааст ва ӯ сабаби ба ин ҳолат расиданашро чунин шаҳр дод: “Дар инҷо намояндаҳои ҳама мақомот иштирок доранд ва намехоҳанд ман дар ин бора шикоят кунам.”
Анас Юнусов бо охирин умед аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунад, ки ба ин мушкили онҳо расидагӣ намоянд
Муҳтарам Раиси шаҳр, Рустами Эмомалӣ!
“Медонем, ки шумо тарафдорӣ қонун ҳаст. Вале баъди муроҷиатҳои пай дар пай ба мақомотҳо фаҳмидем, ки қонун набудаст, ҳама тағабозӣ будаст. Ҳамин қадар мо муроҷиат мекунем, ки чораашро бубинанд. Инҷо ҷои хӯрдани мо аст, ҷои пӯшидани мо, ҷои зиндагии мо аст. Мо зан дорем кӯдак дорем ва аз ҳисоби инҷо рӯзгормона пеш мебурдем. Мо як умр дар ҳамин магазин будем, лекин касе моро нагуфт ва ҳатто ҳалномаи судро беогоҳии мо бароварданд. Ин чӣ гуна қонун аст?” гуфтааст ӯ
Бинои мазкур соли 2016 аз тарафи соҳибкор Анас Юнусов сохта шуда, аз тарафи мақомоти дахлдор қабул карда шуда ба истифода дода шуда буд.