Соҳибкор дар Панҷакент барои чорво хӯроки сабз истеҳсол мекунад
02.12.2025
Oila.tj
157

Сокини деҳаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент, соҳибкор Шоҳрух Бобоев дар фермаи шахсиаш парвариши гӯсфандро ба роҳ мондааст ва дар оғози фасли зимистон ба онҳо хӯроки сабз медиҳад.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз фаъолияти ферма гуфта шудааст, ҳоло ин ҷо беш аз сад сар гӯсфанд, ки аксараш зоти ҳисорӣ аст, ба парвариш гузошта шудааст.

- Ба таҷрибаи соҳибкор, ки бо насби панели офтобӣ бо иқтидори 16 киловатт барои парвариши хӯроки сабз гармхона бунёд намудааст, баҳои баланд дода шуд. Дар гармхона дони ҷав ва дигар зироати донагиро тибқи технологияи махсус сабзонида, баъдан ба гӯсфандон медиҳанд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки ин усули парвариши хӯроки сабз дар кишвари ҳамсоя роиҷ буда, бо истеъмоли он вазни чорво афзуда, муқобилияти онро ба бемориҳо низ зиёд мекунад.

Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз фермаи хурди моли калони соҳибкор Олим Ҷумъаев дар ин деҳа боздид ва барои зиёд намудани саршумори чорвои хушзот дастур дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД