Оилаи хушбахт
Сафар-амаку ҳамсараш тӯли умри 60-солаашон танҳо деҳқонӣ карда, рӯзашонро гузаронидаанд. Худованд ба ин одамони хоксору заминӣ шаш духтар ва як писарро насиб гардонида буд. Падару модар бо ҳафт фарзанд танҳо се моҳи зимистон дар хона буданд, дигар доим дар сари замини иҷораашон ба меҳнат машғул мешуданд. Ин оилаи калону хеле орому бомаърифатро ҳамин порчаи замин ҳам мехӯронду ҳам мепӯшонд, аз ин рӯ, падари хонадон дар сари замин як хоначаи лоине сохта буд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз меҳнат бо фарзандонаш истироҳат мекард. Хонаю боғу роғи дар деҳа будаашонро духтари калонии оила, ки дар ҳамсоягии падар зиндагӣ мекард, нигоҳубин менамуд. Ҳамин тавр, чун обҳо аз дарёҳо ҷорӣ буд зиндагии як оилаи оддии деҳотӣ, вале….
Духтарони Сафар-амак серхаридор буданд ва як-як дар деҳа онҳоро келин мекарданд, зеро ҳам падар ва ҳам модари хонадон холаи Аслия одамони хубу порсо буданд. Панҷ духтари калонӣ соҳиби бахту тахти хеш хонаи падариро бо обрӯ тарк карданд ва дар хона кенҷадухтар Соҳиба ва акааш Акобир монданд. Волидон азм карданд, ки аввал Акобирро хонадор мекунанду баъд кенҷадухтари соҳибҷамолашонро ба шавҳар хоҳанд дод. Акобир дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ғоибона мехонду дар мактаби қишлоқ дарс медод ва ҳамроҳи Соҳиба дастгири волидон буд. Соҳиба мактабро хатм намуда, ғайр аз деҳқонӣ аз ҳунарҳои ороиши рӯю мӯй ва дузандагӣ низ хуб бохабар буд. Ҳамаи ҳунарҳояшро духтари хушзеҳн бо худомӯзӣ аз бар карда буд ва тамоми духтарони деҳаро дар тӯйи арӯсияшон Соҳиба орою торо медод. Хостгорони Соҳиба зиёд бошанд ҳам, волидон дар аҳдашон устувор духтаракеро аз деҳаи ҳамсоя барои Акобир хостгорӣ карданду танҳо пас аз тӯйи бародар кенҷадухтарашонро ба хонаи бахташ гусел кардан мехостанд. Ҷавонони деҳа низ умедвор буданд, ки яке аз онҳо шавҳари Соҳибаи дилрабо мешавад, аммо…
Нозанини харсавор
Ҳамсояи Сафар-амак, Саиди човандоз бо аспҳои зотияш машҳур буду аз тамоми гӯшаю канори кишвар ба хонаи ӯ барои харидории аспҳо меомаданд. Як рӯз Санҷар ном ҷавон бо мошини гаронбаҳои хориҷӣ пушти дари Саиди човандоз қарор гирифта, аспи таърифияшро харидорӣ кардан хост. Нархи асп бисёр баланд бошад ҳам, ҷавонмарди аспбоз онро савдо кардан хост, вале чун одати аспшиносон аввал ба он савор шуда, гирди деҳаро чарх зад. Дар деҳа фасли баҳор ҷилвагар буду ин зебоӣ ҷавонмардро мафтун намуд, ӯ нафаҳмид, ки чӣ тавр аз деҳа берун то сари заминҳои киштукории мардум расида монд. Ҳамин вақт аз дурӣ харсаворе омадан гирифт. Санҷар дид, ки харсавор духтарак аст ва шӯхии зотияш боло гирифта, сари роҳи ӯро гирифт. Харсавор Соҳиба буд, ки ба он тарафи замин барои хабаргирии оби ба замин сар додаашон рафта буд. Духтар густохии ҷавони ношиносро дида, рӯймолашро, ки бо он барои аз нурҳои офтоб зарар надидани пӯсташ рӯяш пушонида буд, гирифта гуфт: “Ҳа, тинҷӣ?” Овози маҳин ва зебогии табиии духтар, ки Санҷар мислашро дар шаҳр надида буд, ҷавонро лол монд. Соҳиба ин ҳолати ҷавонро дида, хандааш гирифту афзуд:
-Ҳайф, ҷавони зебои чобуксавор, лекин гунг…
Санҷар аз шӯхии духтар каме ба худ омада, посух дод:
-Боварӣ дорам, ки ҳар ҷавон дар рӯ ба рӯи чунин зебоӣ лол хоҳад монд.
-Мебахшеду ҳаждаҳ сол боз дар рӯйи ин замин мегардам, вале ягон нафар лол нашудааст,- бо ханда ҷавоб дод Соҳиба ва роҳашро давом дод.
Санҷар аз қафояш дод зад: “ақаллан номатро гӯй…”
-Аз Шабдиз пурс, медонад,- ба асп ишора намуда гуфт Соҳиба ва харашро давонда, ба сӯи кулбаи лоини сари заминашон рафт…
Камсаодат
Санҷар акнун фаҳмид, ки духтарак соҳиби аспро мешиносад ва ба гардани пурҷилои асп зада гуфт:
-Эҳ Шабдиз, Шабдиз, ту маро ба куҷо овардӣ?
Асп фаххос зада, ёлу дум афшонд, гӯё ба савораи ношиносаш мегуфт, ки “айби ман чӣ? Охир, ихтиёрам дар дасти ту буд”. Санҷар дар вуҷудаш дарди ширинеро эҳсос намуда, фаҳмид, ки ошиқ шудааст. Ин ҷавони зебои баландболо дар оилаи сарватманди машҳуре ба дунё омада, ба воя расида буд, мактаби миёнаро бо медали тилло ва донишгоҳро бо дипломи сурх хатм намуда бошад ҳам, як рӯз аз рӯйи вазифааш ҳуқуқшиносӣ кор накарда, ба тиҷорати мошин машғул гашт. Имрӯз тамоми чизро дорад, хонаву дари барҳаво, мошин, пулу сарват, вале бахти одии инсонӣ надорад. Санҷар барои волидонаш писари ягона буду розигияшро напурсида, ӯро бо духтари вазире хонадор карданд. Марҷона аз рӯзи аввал аҳли ин хонадони замонавӣ ва бо ҳам меҳрубонро дар ҷояш шинонд, ман бо падару модари ту зиндагӣ намекунам гӯён, ҷони ҳамаро ба лаб овард. Падару модараш ба хотири вайрон нашудани зиндагии писари ягонаашон рӯзгори онҳоро ҷудо карданд, Санҷар падару модарашро дар як хонаи пуршӯкуҳ танҳо гузошта, ба дигар ҷо кӯч баст, вале Марҷонаи эркатулфор боз қилиқҳои дигар баровард. Ӯ шавҳарро писанд намекард, куҷое хоҳад мерафт ва аксар шабҳо масту аласт ба хона бармегашт. Боре Санҷар занашро дар рӯ ба рӯяш шинонида гуфт:
-Марҷона, бас аст зиндагии сагона, ману ту бояд соҳиби фарзанд шавем,- вале Марҷона,- ман ҳоло барои худам зиндагӣ мекунам,- гӯён бо як беодобӣ Санҷарро таҳқир кард ва дар ҳамон ҷо ҷавон ҷавоби ӯро доду бо ҳамон либоси дар танаш буда ба назди волидонаш баргашт. Дигар на зориҳои Марҷона коргар шуданду на таҳдидҳои падари вазираш, Санҷар танҳо бо волидонаш мезист.
Ба рағми қисмати номард
Ҷавонмард аз алами рӯзгори нобасомон ҳар рӯз маъшуқаҳояшро иваз мекард, беҳтарин нозанинон бо ивази пул тайёр буданд хоки пои ӯро ба дида кашанд. Ҳамин тавр, дили Санҷар аз зоти зан монд, модараш пас аз ду соли хонавайронии писараш оламро падруд гуфту хушбахтии фарзанди ягонаашро надид. Падараш пас аз додани чили модараш зан гирифт, зани ҷавони падараш, ки ҳамсоли Санҷар буд, ҳурмати писари шавҳарро ба ҷо меовард, вале ҷавон дар ҷойи модараш дидани шахси бегонаро таҳаммул накарда, ҳавлии зебои дуошёнаеро харидорӣ карда, ба он ҷо кӯчид. Дӯстонаш барои ӯ зани миёнасоли хуберо чун хизматгор ёфтанд ва ҳамин Назира-хола ягона ҳамдами рози ҷавонмард буд. Барояш хӯрок тайёр мекард, либосҳояшро мешӯст ва хонаю дарашро тозаю озода нигоҳ медошт. Писарони хола Хуршеду Фаршед низ барояш чун додар меҳрубонӣ мекарданд, Санҷар низ ба онҳо ёрии бисёр медод. Дар як дашти берун аз шаҳр Санҷар аспхонаи калоне сохта, ба парвариши аспҳои зотӣ машғул гашт, Хуршеду Фаршед ин масъулиятро бар дӯш доштанд ва аспҳои Санҷарро нигоҳубин мекарданд. Аспҳои ӯ дар тамоми мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои аввалро ишғол мекарданд, муҳаббат ба ин ҷонвари зебо оҳиста-оҳиста тамоми захмҳои дили Санҷарро даво бахшиданд. Худи ҳамин рӯз Назира-хола боз ба аспхарӣ рафтани Санҷарро шунида гуфт:
-Бачам, агар гапи маро гӯш кунӣ, илтимос, аз пайи зиндагият шав, охир синнат ба домани сӣ дакка мехӯрад…
Шабдиз савораи андешамандашро то дари ҳавлии соҳибаш расонида, шиҳа кашид, яъне расидем. Савдои Санҷар бо Саиди човандоз пухт, вале марди рӯзгордида фаҳмид, ки харидори ҷавонаш сири дигар низ дорад. Санҷар пушти сарашро хорида-хорида, ба Саид-амак аз вохӯрданаш бо соҳибҷамоли харсавор нақл кард. Саиди човандоз аз тасвирҳои Санҷар фаҳмид, ки ӯ бо Соҳиба вохӯрдааст ва гуфт:
-Писарам, ту ҷавонмарди шаҳрӣ ва шояд зану фарзанд ҳам дошта бошӣ, он соҳибҷамоли дидаи ту Соҳиба ном дорад ва бо падараш мо як умр нону намакхӯрда ҳастем…
-Ман ягон гап надорам, амак, агар волидони Соҳиба розӣ шаванд, ӯро ба занӣ мегирам, тамом,- гапи Саид-амакро бурид Санҷар ва хайрухушро нася гузошта, ба мошинаш нишаст. Пас аз ин рафтори булаҷаби меҳмонаш Саиди човандоз зери лаб гуфт: “беҳуда намегӯянд, ки аспгиру зангир девонаанд”. Саиди човандоз, ки дар тули умраш одамшинос шуда буд, эҳсос кард, ки аз Санҷар барин ҷавонмард номардӣ намебарояд.
Хушбахтӣ
Се рӯз пас ба кулбаи лоини сари замини Сафар-амак аз шаҳр бо мошини хориҷии қимматбаҳо хостгорон омаданд. Онҳо як зани рӯймолдори миёнасол ва марди бо кару фарри хушлибос буданд, Сафар-амак қиссаи зиндагии писари ягонаи ин марди мансабдорро шунида, розигӣ дод, ки Соҳибааш ҳамсафари умри ӯ бошад. Зеро мард бо оби чашм сарнавишти талхи писари ягонаашро нақл кард, Назира-хола бошад, инро бо сарҷунбонӣ тасдиқ мекард. Сафар-амак шарт гузошт, ки пеш аз тӯй бояд як бор ба домодшаванда сӯҳбат кунад. Рӯзи дигар Санҷар назди падари арӯси харсавораш омада, аз имтиҳон гузашт, ҳангоми дар лаби кати зери сада сӯҳбат кардани Санҷару Сафар-амак аз дуриҳо харсаворе намудор шуд ва шояд аз дидани мошини қимматбаҳои хориҷӣ омадани «меҳмон»-ро фаҳмида, роҳашро дигар карда, аз назарҳо нопадид шуд, дили Санҷар аз дидани ин манзара боғ-боғ шукуфт. Рӯзи тӯй аниқ шуд, Санҷар барои арӯсаш ҷиҳози зебое оварда, соҳибҷамоли деҳаро ҳамроҳи худ бурд. Чун арӯсро аз хона дугонаҳояш ёр-ёр гуфта мебароварданд, дар навори хотираҳои Санҷар тӯйи авввалаш зинда гашт, ки чун дасти арӯси нимурёнро зери беғалаш дид, аз шарм замин намекафид, ки дарояд. Аз миён болои арӯсаш ҳама ба маърази тамошо гузошта шуда буд, тахтапушти сиёҳи пур аз доғи рихинак синаю гардан, хулоса ҳама «боигарӣ»-ии арӯс ба намоиш гузошта шуда буданд. Аммо имрӯз зери сарандози гулдӯзӣ ҳатто чӣ гуна қомат доштани арӯсро дидан ғайриимкон буд. Санҷару Соҳибаро ба лимузини сафеди зебо савор карданду аз хонаи Саид-човандоз бошад, Шабдизи бахткушоро ба «камаз» бор намуданд. Аз байни тамошобинон касе шӯхӣ карда гуфт:
- Мо чӣ бадӣ кардем, ки имрӯз ба сарамон омад, дар як рӯз ҳам аз соҳибҷамоли русто ва ҳам аз ифтихори он Шабдиз ҷудо шудем, ин Санҷар не, ханҷар будаст-да!
Кадоми дигар бо хандаи аламомез ҳозирҷавобӣ кард:
-Ба Худододагон ситеза накун! Бо омадани Соҳиба зиндагии Санҷар куллан тағйир ёфт, ӯ дигар он ҷавонмарди ҳавасбоз не, балки марди хонадон буд. Дар куҷое, ки набошад, бегоҳ албатта назди Соҳибаи соҳибҷамолаш бармегашт ва шукргузор буд аз Худованд, ки чунин бахтро насибаш гардондааст. Соҳиба дар солгарди тӯяшон барои Санҷар шоҳписаре ҳадя намуда, сари шавҳарашро ба осмонҳо расонд, Худо кунад, ки ҳар афсонаи зиндагӣ чунин анҷоми ширин дошта бошад!
Ҳилола