formula feb 2025
Соҳиба Азизова: Қаҳрамоне бо иродаи оҳанин
08.02.2025
Oila.tj
781

Соҳиба Азизова яке аз ҷавонзанони қавииродаест, ки бо заҳмату меҳнати пайваста, на танҳо орзуҳояшро амалӣ намуд, балки парчами Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ баланд бардошт. Ҳар як қадами ӯ дар роҳи муваффақият намунаи хосе аз ирода, матонат ва дилгармии як зани тоҷик аст.

Соҳиба 19-уми марти соли 2000 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Аз хурдӣ ба варзиш ҳавас дошт, вале роҳи ӯ ба варзиш осон набуд. Вақте барои муштзан шудан муроҷиат кард, мураббии бокс ӯро рад намуд. Ин ноумедӣ ӯро нашикаст, балкӣ бештар ангеза дод. Соҳиба тасмим гирифт, ки ба гӯштин – яке аз варзишҳои душвортарин рӯ орад. Ӯ гӯштинро ба зудӣ омӯхта, дар чандин мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ парчами кишварашро боло бардошт.

Аммо ин танҳо оғози роҳ буд. Қадамҳои аввалини ӯ ба аспдавонӣ як ҳодисаи тасодуфӣ ба назар мерасид. Вақте барои иҷрои нақше ба майдони сабти филм, дар ноҳияи Файзобод даъват шуд, бори аввал болои асп нишаст. Дар он рӯз асп бо ӯ на танҳо ором шуд, балки дили ӯро низ, ба худ кашид. Ин лаҳза сароғози меҳру муҳаббати Соҳиба ба асп ва аспдавонӣ гардид.

Ӯ ба пойгоҳи аспдавонии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт рафта, зери роҳбарии устоди варзиш Каримҷон Саидов тамринро оғоз кард. Вале ин роҳ низ пур аз санҷиш буд. Аз асп борҳо афтодан, захмҳои ҷисмонӣ бардоштан ва гоҳе, ки асп ӯро кашола кард, ҳама ин душвориҳо Соҳибаро ба ин фикр овард, ки тарки варзиш намояд. Аммо иродаи оҳанинаш ӯро бозгардонд...

Соҳиба Азизова дар соли 2020 дар Тошканд дар мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ миёни 10 кишвари Осиё ширкат намуда, ҷойи аввалро соҳиб шуд. Ҳамзамон, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар намуди аспдавонӣ ва муҳорибаҳои омехта борҳо муваффақият ба даст овардааст.

Варзишгарии ӯ бо муҳорибаҳои омехта низ, пайваст аст. Дар соли 2022, ӯ дар мусобиқаи лигаи ҳунарҳои размии Русия “Face to Face” дар вазни то 57 кг иштирок карда, ба рақибаш, ки аз Қирғизистон буд, пирӯз шуда, нишони тиллоро ба даст овард.

Аслан, Соҳиба хатмкардаи факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ҳоло ӯ, дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекунад, ҳамзамон тамринҳои варзишӣ ва фаъолиятҳои дигарашро идома медиҳад.

Имрӯзҳо, Соҳиба Азизоваро бисёриҳо бо Гурдофариди замон муқоиса мекунанд. Ӯ, на танҳо дар аспдавонӣ ва муҳорибаҳо, балки бо истеъдоди худ дар рӯзноманигорӣ ва садоқаташ барои ба ҳадаф расидан, намунаи як зани қавӣ, меҳнатдӯст ва қаҳрамон аст. Иродаи оҳанин ва дили ҳавасмандаш исботи он аст, ки зан бо меҳнату талош метавонад ҳама қуллаҳоро фатҳ кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД