Arzon march 2024
Соффи тарки Тоҷикистон карду ба Русия рафт?
2176

Рухшона Каримова, блогери машҳури тоҷик бештар бо тахаллуси Соффи 1111 дар байни мардум маҳбубият пайдо кардааст. Ин блогер чанд ҳафта қабл дар саҳифаи Инстаграми худ хабар дода буд, ки ба Русия меравад. Чанд рӯз қабл Рухшона дар сторизи Инстаграм аз сафари худ ба Русия аз даруни ҳавопаймо хабар доду рӯзҳои охир сторизҳои хешро аз Русия пешкаши мухлисонаш месозад. Овозаест, ки Соффи тарки Тоҷикистон кардаву ба Русия рафтааст. Мехоҳед бидонед, ки ин овоза то куҷо асоси воқеӣ дорад? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!

Бале! Дар ҳақиқат Соффи айни ҳол дар Қазони Тотористон назди модару пайвандони худ бо фарзандонаш қарор дорад. Яке аз наздикони Соффи зимни суҳбат бо сомонаи Oila.tj гуфт, ки Соффи ба Русия назди пайвандонаш хабаргирӣ рафтааст. Ӯ ҳамасола чанд муддати муайян бо фарзандонаш ба назди модараш барои истироҳат меравад. Ҳарчанд кай омаданаш аниқ нест, вале Соффи тарки Тоҷикистон накардааст. Ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд. Соффи тамоми мухлисонашро дӯст медорад. Ӯ ҳатман ба назди мухлисонаш ба Тоҷикистон бармегардад.
Ёдовар мешавем, ки Соффи соҳиби се фарзанд: ду писар ва як духтар аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД