arzon replenishment
Содирбек дар чиллаи фарзандаш шаҳид гашту...
1447


Аз даргириҳои хунин дар марз, ки беш аз 70 қурбонӣ дар пай гузошт, беш аз як моҳ сипарӣ шуд, аммо ашки модарони фарзандгумкарда то ҳол нахушкидаву дарду доғи ин ҷанги хонумонсӯз аз ёди мо ҳаргиз нахоҳад рафт.

Дар ин ҷанг даҳҳо ҷавонони номуроди тоҷик ҷавонмарг шуданд, ки яке ҳанӯз ҷомаи домодӣ ба бар анкарда буду дуюмӣ руйи навзодашро надида, сеюмӣ дар арафаи туйи хонадоршавӣ қарор дошту чорумӣ нияти волидонашро ба зиёрати ҳаҷ бурдан дошт, вале ҳамаи он ҷавонони бегуноҳ қурбони тири қирғиз гашта, пайи дифоъи Ватан-модар қаҳрамнона ҷон доданд. Яке аз қурбониёни ин даргириҳо Неъматзода Содирбек, сокини шаҳри Бохтар (пештара Қурғонтеппа ) мебошад.

      Фарзанд август тавдил шуду
         падар сентябр шаҳид гашт

Содирбек хатмкардаи донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар буда, баъди хатми ин махзани илму дониш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи ҶТ даъват гаштааст. Тайи ду соли охир ин ҷавони шуҷоъ қарзифарзандиашро адо менамуд ва билохира пайи ҳимояи марзу буми Ватан ҷон дод.
Ин ҷавони ормонӣ ҳамагӣ 25-сол дошт. Моҳи август фарзанди нахустанаш ба дунё омад. Содирбек мисли дигар падарон ташнаи дидори рӯйи ҷигарбандаш буд, вале сар задани низоъ дар марз имкон надод, ки ба зодгоҳаш равад. Вай мисли ҷавонмарди ҳақиқӣ рафтор намуда, аз пайи иҷрои вазифааш-дифои Ватан гашт. Умед дошт, ки баъди ором шудани вазъият ба хона рафта, тифлаки орзуҳояшро ба бағал мегирад, аммо тақдири шум ба ин вохӯрӣ имкн надод. Содирбек аз тири қирғиз ба шаҳодат расида, дидору падару фарзанд дар қиёмат монд.
Бино ба гуфти дӯсташ Шоҳрух Шарипов Собирбек дар оила фарзанди хурдӣ буда, онҳо 4 нафар будаанд.
Аз ҷанги қирғиз 200 оила зарар диданд
Ёдрас мешавем, ки дар муноқишаи хунини охирини марзӣ бар замми талафоти калони ҷонӣ ва ба ҳалокат расидани беш аз 70 нафар аз ҷониби Тоҷикистон, ҳамчунин ба сокинони кишвар зарари зиёди молумулкӣ расид. Тавре масъулии мақомоти давлатии Вилояти Суғд ба расонаҳо гуфтанд дар даргирии ахир дар ноҳияҳои Исфараву Бобоҷон Ғафуров 85 манзил пурра вайрон шуда, беш аз 180 оила зарар дидаанд. Аз ҷумла дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 16 манзил ба хок яксон шуда, 90 хонаи дигар қисман зарар дидаанд. Теъдоди манзилҳои харобшуда дар шаҳри Исфара ба 69 адад расидааст. Ба ҷуз манзили сокинон инчунин, даҳ масҷид ва чанд мактаб дар пайи ҳамлаи нерӯҳои Қирғизистон осеб диданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД