Як ҷавони 18-сола аз Тоҷикистон, ки ба ҳайси ронандаи трактор дар деҳаи Торосовои ноҳияи Волосовои вилояти Ленингради Русия ба ҷамъоварии ҳосили картошка машғул буд, дар натиҷаи таркидани як снаряди аз замони Ҷанги бузурги ватанӣ бозмонда ба ҳалокат расид.
Дар ин бора Бомдод хабар додааст.
Торосово дар 70километрии ҷанубуғарби шаҳри Санкт-Петербург ҷойгир шуда, бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, ин ҷавони тоҷик ҳангоми ҷамъоварии картошка дар байни ҳосили ҷамъкардаи трактораш як снарядро дидааст, ки трактор онро ҳам аз қабати замин берун оварда буд. Ҷавон нофаҳмида он пораи оҳанро ба даст мегирад ва дар ҳамин вақт снаряд метаркард.
Таркиш панҷаи дасти рости ҷавони тоҷик канда, партофтааст ва ӯро дар ҳолати вазнин бо панҷаи канда ва ҷароҳатҳои дигар ба беморхонаи Волосово бурдаанд, вале мутаассифона, табибон натавонистанд, ки ҷони ҷавонро аз панҷаи марг наҷот диҳанд.
Бино ба иттилои пулис, ин ҷавон ҳамагӣ як моҳ қабл барои мардикорӣ ба Русия рафта, дар деҳаи Муратовои ноҳияи Волосово сабти номи расмӣ доштааст.