Пеш аз хонадоршавӣ модарам маро бо келини таги чашм кардааш шинос намуда гуфт, ки бо ҳамдигар гап занед ва ҳар чӣ мехоҳед, пурсед, то пагоҳ аз гиребони мо, калонсолон гирифта «кию чикора буданашро нафаҳмида маро зӯран зан ё шавҳар додед» нагӯед.
Чеҳраи зебои арӯси ояндаамро дида ошиқи зор гаштам, вай ҳам маро писандид. Волидонамон розигии моро гирифта дар тараддуди тӯй шуданд. Арӯсшаванда худашро таъриф карда гуфта буд, ки телефон надорад, бо интернет бошад, умуман сару кор намегирад, аз ҳамин сабаб баъди фотиҳа ман барояш ҳамчун ҳадя як телефони мобилӣ фиристодам, то гоҳ-гоҳ бо ҳамдигар суҳбат кунем.
Тақрибан се моҳ бо ҳам гап задем. Падару модарам аллакай дар тарадуди тӯй буданд. Рӯзе ба арӯсам занг зада ӯро ба вохӯрӣ даъват намудам. Мехостам дар бораи чӣ тавр гузаронидани тӯямон бо вай маслиҳат кунам.
Баробари ба мулоқот омадан вай дарҳол телефонашро хомӯш кард. Ин рафтораш ба назарам шубҳанок намуд. Чанг зада телефонро аз дасташ гирифтаму дубора даргирондам. Баробари ба кор даромадани телефон борони СМС борид.
Паёмакҳои ошиқонаи ба арӯси таърифии ба қавли худаш «аз интернет бехабар» омадаро кушода ҳуш аз сарам парид: «ҷонам, ҷигарам, асали ман» боз чӣ гапҳое, ки набуд дар он паёмҳои ошиқона.
Телефонро аз ғазаб зада шикастам ва «аз баҳри ту барин арӯс гузаштам» гӯён, ба рӯяш туф кардаму бо кароҳат аз ӯ дур шудам. Аз пасам давида гиряву зорӣ кард, ки гуноҳашро бубахшаму тӯйро вайрон накунам, вале ба рӯяш нигоҳ накардам.
Ҳодисаро ба модарам нақл кардам ва талаб намудам, ки рафта фотиҳаро гардонад. Ҳамин тавр тӯйи мо вайрон шуд. Ман ҳамчун домоди фиребхӯрда ба ҷавонон маслиҳат медиҳам, ки аввал духтарро хуб санҷида, баъд хостгор фиристанд, то зебосанамҳои маккора ҳаёташонро насӯзанд!
Нусрат,
н. Ҷиликӯл