Дар гардиши фурудгоҳи шаҳри Душанбе чанд лаҳза пеш сӯхтор сар задааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштаанд, дида мешавад, ки чӣ тавр як бинои дуошёна, ки қаблан мағозаи фурӯши масолеҳи техникии “Техносила” дар он ҷойгир гашта буд, оташ гирифта, дуди ғализ ба ҳаво бархостааст.
Сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида ҳанӯз маълум нест. Бо пайдо шудани маълумоти тоза дар ин бора мо шуморо хабардор хоҳем кард.
- tj-ро пайгирӣ намоед!