Arzon Banner
СИЯҲБОД АЗ КАСАЛИИ ҚАНД ЧӢ ФАРҚ ДОРАД?
1635

 

Модарам чанд вақт боз бемор ва беҳолу бемадор буданд. Духтурон ташхис намуда гуфтанд, ки ба касалии қанд гирифтор шудаанд. Бигӯед, ки ин дард даво дорад ё не?

Сарвиноз Зафарова, сокини шаҳри Кӯлоб

Барои ба саволи Сарвиноз ва дигар хонандагонамон посух гирифтан мо роҳи Маркази тибби қадимро пеш гирифтем, ки сарвариашро Шӯҳрат Худойбердиев ба дӯш доранд.

-Шӯҳрат Эшонович! Бо ҳама комёбиҳои илми тиб ҳанӯз давои аниқи касалии қанд пайдо нашудааст. Шояд ягон роҳи табобати суннатии ин беморӣ вуҷуд дорад?

-Бадбахтона солҳои охир шумораи гирифторони касалии қанд меафзояд. Сабабҳои афзоиши ин беморӣ зиёданд. Мушкилоти зиндагӣ, танқисии рӯзгор, надоштани ҷойи кор, дар муҳоҷират будани шавҳару писару духтару дигар пайвандон, тарсу ҳаяҷон…

-Аксари одамон номи касалии қандро шунаванд, дарҳол ба танашон ларза меафтад. Дар ҳақиқат ин беморӣ чунин хатарнок аст?

-Не, аксари беморони ба маркази мо муроҷиаткарда дар мубориза бо ин касалӣ ғолиб омаданд. Мутаассифона, аксари шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифторанд, баъди шунидани бемориашон ба гирдоби ғаму андӯҳ фурӯ рафта, ҷисман ва рӯҳан худашонро бой медиҳанд ва ин боиси авҷ гирифтани касалӣ мешавад. Асабоният ва ғаму дард сарчашмаи асосии хурӯҷи ин касалист, бинобар ин, одамоне, ки қандашон баланд аст, бояд ҳамеша кӯшиш намоянд, ки вақташон хуш гузарад.

-Диабети қанд ирсӣ шуда метавонад?

-Метавонад. Бобоҳо, бибиҳо, холаҳо, падару модар ин бемориро дошта бошанд, хатари ба ин дард мубтало гаштани фарзандон меафзояд. Барои ба касалии қанд мубтало нашудан волидайн бояд аз овони хурдӣ бо камҳаракатӣ ва пурхурӣ барин амалҳои фарзандонашон оштинопазир бошанд ва кӯдаконро ба обутоби ҷисмонии бадан ва риояи реҷаи хӯрок маҷбур созанд. Ба ҷойи қанду хӯрокҳои гӯштиву хамирӣ ба кӯдакон бояд бештар меваю сабзавот диҳем, то танашон ҳамеша солим бимонад.

-Тифл дар батни модар ба касалии қанд гирифтор шуда метавонад?

-Ҳангоми ҳомиладорӣ модар ба ғами гарон гирифтор бошад, тарсу ҳаяҷон думболагираш бошад, бемории шадидеро аз сар гузаронад, хатари бо касалии қанд ба дунё омадани тифлаш ба миён меояд. Кӯдакони ин бемориро дошта аз вақти муқаррарӣ хеле дер ба дунё меоянд ва ҳангоми дар батн буданашон вазнашон аз 4 кг зиёд аст. Ин кӯдаконро бештар бо воситаи ҷарроҳии чоки қайсар мегиранд. Албатта ҳамаи кӯдакони бо вазни зиёд ё бо воситаи ҷарроҳӣ таваллудшуда гирифтори ин касалӣ нестанд, вале ба ҳар ҳол дар байнашон беморон низ ҳастанд.

-Мушоҳида мекунем, ки солҳои охир дар байни курсинишинон низ ин беморӣ доман паҳн карда истодааст…?

-Бале, шахсоне ки рӯзи дароз паси монитори компутер мешинанду баъди кор пиёда нагашта бо нақлиёт ба хона мераванд ва зиёд бо телефонҳои мобилӣ гап мезананд, ин бемориро ба худ моил месозанд. Барои он, ки аз касалии қанд эмин монанд ман ба ҷавонони фарҳангӣ маслиҳат медиҳам, ки танбалӣ накарда бо варзиш бештар машғул шаванд. Зиёд пиёда гаштан ва ҳамарӯза бо варзиш машғул будан ин касалиро мегурезонад.

-Аслан қанд аз чӣ пайдо мешавад ва чанд намуд дорад?

-Бемории қандро ба ду навъ ҷудо мекунанд. Бемории қанди навъи дуюм нисбат ба навъи якум душвортабобат аст, барои ҳамин қанди навъи дуюмро зиёдтар пешгирӣ кардан лозим меояд.

-Нишонаҳои касалии қанд кадомҳоянд?

-Дар давоми ҳафта, моҳ ва сол организми бемор суст шуда, обнӯшиаш зиёд гардад, бояд сари вақт аз ташхиси табибон гузарад. Ҳангоми нав пайдо шудани касалии қанди навъи якум ва дуюм табобат осонтар аст. Касалӣ, ки кӯҳна шуд, табобаташ душвортар мешавад.

-Касалии қандро бо усули халқӣ чи тавр табобат мекунанд?

-Ду намуди касалии қанди номбурдаамро дар замонҳои қадим «Обилабод» ва «Сияҳбод» мегуфтанд. Ба наздикӣ Рухшона Маҷидова ном зани 46- сола аз ноҳияи Варзоб ба маркази мо омад. Касалии қанд дошт ва умедашро аз зиндагӣ кайҳо канда буд. Бо усули халқӣ табобат намудем, сиҳат шуда рафт. Мо беморонамонро баъди шифо ёфтанашон низ зери назорат мегирем, то дардашон дубора хурӯҷ накунад.

-Мегӯянд, ки пайдо шудани яра дар даст ё пойи одами касалии қанд дошта далели нек нест?

-Ин гуна яраҳо баъди баланд шудани қанд ва дар мушакҳо суст шудани ҳаракати хун аз ҷойҳои сахтии бадани инсон мебароянд. Табиб бояд муайян намояд, ки яраҳо ба кадом навъи беморӣ мутаалиқанд. Яраҳое, ки аз бемории қанди навъи якум ва дуюм пайдо мешаванд, аз якдигар фарқ доранд. Яраи қанди навъи якум аз рӯзи баромадаш сафед аст, яраи қанди навъи дуюм аз рӯзи аввали пайдоишаш сиёҳчатоб менамояд.

-Яраҳоро чӣ гуна бояд табобат намуд?

-Барои табобат кардани яраи навъи дуюм чунин табобатро метавонем истифода барем:

Ҳангоми баромадани яра ба атрофаш нигаред, агар сиёҳчатоб бошад, обро ҷӯшонда, то ҳарорати 40-45 С паст намуда, бо пахтаи тоза атрофи захмро тоза кунед, токи ягон ифлосӣ намонад. Аз дорухона мази «Левомедакол» ва аз мағоза як шиша арақи 40 С харида, баъди тоза кардан ба болои яра мазро аз рӯи меъёр, яъне на он қадар ғафс молида, ба болояш 25-30 грамм пахтаро гузошта, як қабат печонед. Пас аз ин се- чор маротиба ба болои яра ба миқдори 50-70 грамми арақ рехта, докаро тар кунед. Арақ микробҳоро мекушад ва яра сиҳат мешавад. Қанд аз 10 баланд бошад, ҳатман ҳафтае ду маротиба сару тани худро шуста, тоза кунед, чунки арақи бадани инсон ширадор аст ва роҳи нафаскашии мушаки баданро танг намуда, сабзиши қандро метезонад. Рӯзе як маротиба дар давоми 15-20 ин корро ҳатман кардан лозим аст! Инро ман таҷриба карда дидаам ва боварӣ дорам, ки агар ба гуфтаҳоям риоя намоянд, беморон ҳатман шифо ёфта аз буридани ангуштони ярадор раҳоӣ меёбанд.

-Саломат бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД