Дар доираи форуми сармоягузории “Душанбе-Инвест” шоми имрӯз бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Боғи Куруши Кабир барои меҳмонону иштирокдорони форум барномаи консертӣ баргузор мегардад.
Тавре раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода имрӯз зимни баргузории ҷаласаи сармоягузории Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар барномаи фарҳангӣ сарояндагони шинохтаи Тоҷикистон ва Русия иштирок намуда, хотири меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро бо таронаҳои марғуби худ шод месозанд.
Ҳамзамон намоиши ҳунарҳои дастӣ, хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзию саноатӣ барпо мегардад.
Пагоҳ, 16-уми октябр дар Боғи Куруши Кабир бахшида ба Форуми байналмилалии сармоягузории “Душанбе Инвест-2025” бо иштироки ду ситораи сатҳи ҷаҳонии эстрада аз Тоҷикистон ва Русия: Далер Назаров ва Сосо Павлиашвили барномаи консертӣ доир мегардад.