Як гурӯҳ тоҷикони муқими Британияи Кабир маъракаи ҷамъоварии хайрияро шурӯъ кардаанд ва ният доранд, ки 2 миллион сомонӣ маблағ ҷамъ карда, ба 14 ҳазор хонаводаи тоҷик кӯмак кунанд.
Азамат Султонов, роҳбари созмони “Пешрафт” ҳамроҳи чанд тан тоҷики дигар, ки дар шаҳри Лондон зиндагӣ мекунанд, иқдоми “Мо ҳамдардем”-ро роҳандозӣ кардаанд ва ҳадаф доранд, ки ба кормандони соҳаи тиб, оилаҳои ниёзманд ва хонаводаҳои аз “коронавирус” осебдидаи тоҷик ёрӣ расонанд. Ин иқдомро чанд нафар санъаткорони шинохтаи кишвар Далер Назаров, Ҷонибек Муродов, Нигина Амонқулова, Валиҷон Азизов, Зулайхо Маҳмадшоева, Шабнами Сурайё ва Беҳрӯз Зеваров ҷонибдорӣ кардаанд. Қарор аст, ин ҳунармандон санаи 20-уми май дар як консерти онлайнӣ иштирок кунанд. Ҳамчунин, маркази савдои “Ёвар”, Алиф Бонк ва Бонки Арванд ба ин иқдом пайвастаанд. Гуфта мешавад, нафароне, ки консертро тамошо кардан мехоҳанд, тариқи корт ба воситаи бонкҳои номбурда маблағи муайянеро ба суратҳисоби созмони “Пешрафт” пардохт мекунанд ва бо ин роҳ саҳми худро мегузоранд. Ташаббускорони ин иқдом мақсад доранд, ки маблағи ҷамъшударо ба 14 ҳазор хонаводаи тоҷик бо фарогирии беш аз 100 ҳазор нафар, аз ҷумла шахсони барҷомондаи танҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, оилаҳои нодор ва нафарони аз “коронавирус” зарардида хайр кунанд.