Сито Қосимӣ, овозхони 38-солаи афғон, ҳафтаи гузашта таронаи “Санги мазорам”-ро, ки яке аз машҳуртарин таронаҳои овозхони зиндаёд Кароматуллои Қурбон (1961-1992) ба шумор мерафт, бозхонӣ намуд.
Суруди “Санги мазорам” дар иҷрои Сито Қосимӣ дар доираи лоиҳаи “A tribute to singing legends by Seeta Qasemi” дар ҳамкорӣ бо ширкати продюсерии “Qiam Entertainment” рӯи кор омадааст. Таронаи мазкурро аз замони нашраш то ба имрӯз дар саҳифаи “Qiam Music” дар шабакаи YouTube зиёда аз 25 ҳазор нафар аз назар гузаронидаанд. Аз шарҳҳои корбарон бармеояд, ки бозхонии овозхон ба онҳо писанд омадааст. Суруди “Санги мазорам” яке аз 76 суруди Кароматуллои Қурбон мебошад, ки дар солҳои 1984-1990 хеле маъруф буд ва дар ҳама ҷашну хурсандиҳои мардум садо медод. Корбарон навиштаанд, ки Сито бо ин кораш хотири Кароматуллои Қурбонро шод гардонид.
Ёдовар мешавем, ки хонум Қосимӣ чанд муддат аст, ки дар Тоҷикистон қарор дорад ва дар баробари эҷоди суруди клипҳои нав, барои шабакаи телевизионии “Ориёно”-и Афғонистон низ бо иштироки санъаткорони тоҷик барномаи “Даме бо ҳамдаме”-ро таҳия мекунад. То имрӯз Нигина Амонқулова, Фирӯза Ҳафизова, Манижаи Сабоҳ, Мадина Ақназарова ва Хуҷастаи Мирзовалӣ меҳмони барномаи “Даме бо ҳамдаме” буданд.