arzon replenishment
Сирри ҷавонӣ дар панҷ қадам
31.05.2025
Oila.tj
213

Дар кӯча бонувонеро мебинем, ки чеҳраи зебову пӯсти беожанг доранд, гӯё солҳо аз синнашон гузашта бошад ҳам, аз ҷавонӣ фосила нагирифтаанд. Сирри зебоии онҳо дар чист? Албатта, ҳар зан роҳу усули худро дорад, вале мутахассисон панҷ қоидаи муҳими нигоҳ доштани ҷавониро тавсия медиҳанд, ки риояи онҳо на танҳо зебоиятонро ҳифз мекунад, балки рӯҳу равонатонро низ ором медорад.

1. Меъдаи солим – заминаи зебоӣ

Ҷавонӣ аз саломатӣ вобаста аст. Агар рӯдаҳо солим кор кунанд, организми шумо низ муназзам фаъолият мекунад. Қабзият на танҳо нороҳатист, балки баданро заҳролуд месозад. Аз ин рӯ, сабзавоту меваҳои тар, бобуначой, нӯшидани 1,5–2 литр оби тоза дар як рӯз ва парҳези мутавозин ба солимии рӯда ва покии пӯст мусоидат мекунад. Пӯсти тоза ва дурахшон аз об сарчашма мегирад, инро фаромӯш насозед!

2. Хоби бароҳат – эликсири табиӣ

Норасоии хоб душмани зебоист. Барои калонсолон беҳтарин соатҳои хоб аз 21:00 то 6:00 ҳисобида мешаванд. Хоби бароҳат на танҳо ба бадан нерӯ мебахшад, балки хотираро аз изтиробу ташвиш пок мекунад. Пас, ҳар шаб нағзакак аз хоб сер шавед.

3. Ҳавои тоза ва ҳаракат

Пас аз рӯзи пурмашаққати корӣ кӯшиш намоед, ки каме пиёда гардед. Тирезаро боз гузоред, то ки ҳавои тоза ворид гардад, махсусан дар ҳавои боронӣ. Рӯзҳои истироҳат аз сайру гашти беруна лаззат баред. Ҳаммом гирифтан, махсусан бо буғ, пӯстро аз токсинҳо тоза карда, ҷилову нармии онро барқарор мекунад.

4. Витаминҳо – сипари ҷавонӣ

Дар ватани мо, ки сабзавоту меваи тару тоза фаровон аст, бештар истифода баред. Чойи гиёҳӣ, йогурт, афлесун, зардолуи хушк ва мавиз низ аз беҳтарин манбаъҳои витамин мебошанд. Истеъмоли мунтазами маҳсулоте чун моҳӣ, чормағз, гулкарам ва каду на танҳо нерӯ мебахшад, балки ҷавониро ҳифз мекунад. Албатта, варзиш ҳам фаромӯш нашавад!

5. Рӯҳияи мусбат

Энергияи дарунӣ ва ҳиссиёт ба зебоӣ таъсири мустақим доранд. Кӯшиш кунед аз эҳсосоти манфӣ ва стресс дурӣ ҷӯед. Барои ҳифзи ҷавонӣ мутахассисон “қиёми ҷавонӣ”-ро тавсия медиҳанд. Барои омода кардани он 200 г бобуна, 100 г тугмагул, 100 г чойкаҳак ва 100 г навдаи тӯсро омехта намуда, чой дам кунед. Ҳар шом ва субҳ як истакон бинӯшед, ин нӯшоба ҳуҷайраҳоро ҷавон мегардонад. Курси табобатиро як моҳ идома дода, пас аз 5 сол такрор намоед.

Ҷавонӣ танҳо бо косметика нигоҳ дошта намешавад. Он аз тарзи ҳаёт, ғизо, хоб, рӯҳия ва муносибат ба худ вобаста аст. Бо риояи ин панҷ қоида шумо метавонед на танҳо ҷавон бимонед, балки худро дар ҳар синну сол зебову дилкаш эҳсос кунед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД