Formula novemver 2024
Сироятёбӣ аз беморшавӣ чи фарқ дорад?
352

 

Салом кормандони сомонаи “ОИЛА ТҶ”. Дар сомонаи шумо дар бораи бисёр бемориҳо, аз ҷумла бемории сил, суҳбат бо мутахассисони ин соҳа маводҳои зиёд мутолиа мекунам, ки маълумоти зиёд дорад ва барои мо муфид аст.

Вале ман мехоҳам ин навбат дар бораи он чизе маъолумот пайдо кунам, ки ҳамеша маро ба фикр кардан водор месозад. Мегуфтед, ки фарқи байни сироятёбӣ ва беморишавӣ аз бемории сил дар чист?

Сунатулло Азимов, муҳоҷир

Ба саволи хонандаи мо мутахасисони соҳа, дар китоби "Бобуна", ки "Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон" рӯи чоп овардааст, чунин посух гуфтанд:

Сироятёбӣ ва беморишавӣ ду ҳолати гуногуни сил мебошад. Аз сил сироят ёфтан маънои онро дорад, ки шахс микобактерия дорад, аммо гузаранда нест, яъне микобактерия фаъол нест, ба маънои дигар он хомӯш аст. Дар чунин шахс нишонаҳои муайян дида намешавад.

Беморишавӣ бошад маънои онро дорад, ки шахс дар бадан микобактерияҳои фаъол дорад ва онҳо ба яке аз узвҳои бемор зарар расонида истодааст.

Сироятёбӣ аз бемории сил –танҳо қисми ками одамоне, ки ҳавои микобактерияи силдоштаро нафас мекашанд, бемор мешаванд. Одатан бадани инсон метавонад микобактерияро идора кунад. Инро сирояти хомӯши сил меноманд. Одамони сироятёфта бемор нестанд ва микобактерия паҳн намекунанд.

Беморшавӣ аз сил – баъзан вақт бадани инсон наметавонад бактерияро идора кунад, шояд ба сабаби он ки бадан аз ҳисоби ягон бемории дигар ё аз ҳисоби норасогии ғизонокӣ заиф шуда бошад. Баъдан бактерияе, ки хоб аст метавонад бедор шуда ба афзоиш шуруъ кунад, ки ин боиси беморишавӣ аз сил мегардад.

P/S

Бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар бемории сил” ҳамасола 24-уми март дар тамоми ҷаҳон чорабиниҳои фарҳангӣ ва имлӣ баргузор мегардад, ки яке аз мақсадҳои асосӣ баланд бардоштани огоҳии мардум ба ин беморӣ мебошад.

Тибқи омори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ҳамасола бар рӯи ҷаҳон 10 миллион нафар ба бемории сил гирифтор мешаванд ва 3 миллион кас мефавтанд.

Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ҳисоботи солонааш қайд карда буд, ки теъдоди бемориҳои сил дар соли 2010 78, 5 ба сад ҳазор аҳолӣ бошад, дар соли 2022 39, 7 ба садҳазор аҳолӣ рост меояд ва ин шумораҳо аз коҳиш ёфтани гирифторони бемории сил шаҳодат медиҳад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД