Теннисбози итолиёвӣ Янник Синнер ғолиби мусобиқаи бонуфузи дараҷаи Masters дар шаҳри Рими Италия гардид.
Синнер дар бозии финалӣ намояндаи Норвегия - Каспер Руудро бо ҳисоби 2:0 (6:4, 6:4) шикаст дода, унвони қаҳрамониро соҳиб шуд. Бо ин пирӯзӣ Синнер дуюмин теннисбоз дар таърих гардид, ки тавонист дар ҳамаи нуҳ мусобиқаи амалкунандаи силсилаи Masters ғолиб шавад. Пеш аз ӯ танҳо теннисбози сербӣ Новак Ҷокович ба чунин дастоварди таърихӣ ноил гардида буд. Синнер аввалин теннисбоз дар таърих гардид, ки дар оғози як мавсим панҷ мусобиқаи силсилаи “Мастерс”-ро пайиҳам ба даст овард.
Айни замон Янник Синнер ракеткаи якуми ҷаҳон ба шумор меравад. Каспер Рууд бошад, дар раддабандии ATP мақоми 23-юмро ишғол мекунад.