“Нерӯи ишқ” - чунин ном дорад силсилафилми ҷаззобе, ки аз ҷониби телевизиони «Синамо» дар Нерӯгоҳи барқӣ-обии “Роғун” ба навор гирифта шудааст.
Филми мазкур аз ишқи ду корманди нерӯгоҳ - Таҳмина ва Рустам қисса мекунад. Тавре зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтанд, «Нерӯи ишқ» аввалин филми бадеӣ мебошад, ки дар Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» ба навор гирифта шудааст. Қаҳрамони филм Таҳмина табиб буда, тариқи роҳхат ба бунгоҳи тиббии ин нерӯгоҳ ба кор меравад ва ба Рустам, ки дар нерӯгоҳ заҳмат мекашад, дил мебандад. Ду ҷавони ошиқ тасмим мегиранд, ки оила бунёд намуда, дар ин корзори нангу номус дар якҷоягӣ барои фардои дурахшони Ватан содиқона меҳнат кунанд.
Дар пасманзари муҳаббати ду дилдода бузургии НБО-и «Роғун» ва қаҳрамонии ҳар як коргари нерӯгоҳ тасвир ёфтааст.