Дар Тоҷикистон кашидани тамоку дар беморхона, мактаб, идораҳо, даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ мебошад. Касоне, ки ин қонунро вайрон карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сигор мекашанд, то 360 сомонӣ ҷарима баста мешаванд
Мувофиқи тағйиротҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид карда шуда, ахиран аз ҷониби вакилони парлумони Тоҷикистон қабул шуд, минбаъд аз шахсони сигоркаш барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда аз 216 то 360 сомонӣ ҷарима ситонида мешавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан барои чунин амал аз 72 то 144 сомонӣ ҷарима муқаррар гашта буд.
Дар асоси тағйироти нави ба қонун воридшуда ҳамчунин барои фурӯши маҳсулоти тамоку бо истифодаи воситаҳои худкор (аппарат) ва дар ҷойҳое, ки барои савдо пешбинӣ нашудаанд, ҷазо муқаррар карда шудааст. Дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, шахсони алоҳида барои ин амал то 504 сомонӣ ва соҳибкорон то 7200 сомонӣ ҷарима месупоранд.
Тарғиби тамоку ва истифодаи он дар тарабхонаҳо ва дар назди шифохонаҳою дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ низ манъ мебошад.