Ман чандин сол боз сигор мекашам. Ба сигоркашӣ чунон одат кардаам, ки ягон лаҳза бе сигор наметавонам. Як дӯстам мегӯяд, ки сигор таҳоратро мешиканад. Наход чунин бошад?
Аҳмад, ш. Турсунзода
Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш, намояндаи Раёсати Фатво
Сигоркашӣ албатта кори хуб нест, вале касе гуфта бошад, ки сигор таҳоратро мешиканад, ғалат гуфтааст. Сигор таҳоратро намешиканад.