Sebiston new 2024 october
Сиёвуш Қурбонов кай худро C.ONE ном гузошт?
754

Муҳоҷират аз самтҳое маҳсуб меёбад, ки дар тамоми ҷаҳон як шохаи даромади хонавода мебошад. Сиёвуш Қурбонов низ замоне барои беҳтар сохтани зиндагии худу хонаводааш роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт.

Ӯ мисли аксари ҷавнон аз корҳои оддӣ оғоз кард ва ҳамин тавр зина ба зина ба қуллаҳои мақсуд расид.

Ӯ дар миёни ҷавонон, ба хоса миёни дӯстдорони жанри рэп маҳбубияти зиёд дорад. Сиёвуш Қурбонов то тахаллуси C.ONE сурудҳояшро эҷод мекунаду барои мухлисонаш пешниҳод менамоя.

C.ONE тараннуми шеъру оҳангҳои ошиқонаро яке аз нуқтаҳои асосии фаъолияти эҷодии худ қарор дода, бо сабку услуби муосир аз ҷониби ҳаводорони ин жанр хуб қабул карда шуд. Дар баробари ворид шудани C.ONE ба дунёи санъат дар муддати кӯтоҳ миллионҳо шунавандаро ба рэпҳои худ ҷалб сохт. Рэпҳое, ки ба дили бештари шунавандагону дӯстдорони рэп ҷой гирифтанд, “Зебо”, “Қаландар-2”, “Селяви”, “Ламбо”, “Инстакаралева”, “Гумкардароҳе”, “Кабӯтари сиёҳ” ва ғайраҳо мебошанд, ки маҳсули эҷоди ӯ ҳастанд ва миллионҳо шунаванда пайдо кардаанд.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, миёни рэпсароён C.ONE яке аз маъруфтаринҳост ва аз ин сабаб фикр мекунем, ки чӣ гуна рӯзгор доштанаш қабл аз шуҳратёбии ӯ барои шунавандагони бешумораш ҷолиб хоҳад буд.

Тавре ӯ дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтааст, аз 10-солагӣ шеър менавишт ва ҳамон вақт дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” номашро C.ONE монда буд. Дар синни 14-солагӣ, вақте ки аввалин рэпашро навишта сабт намуд, волидонаш бо кадом тахаллус рэп хонданашро пурсиданд ва ӯ яку якбора C.ONE гуфт.

- Дар аввал ба машҳур шудан бовар доштам, вале то ин андоза не. Ман мақсади муайян доштам ва барои ба он расидан кӯшиш менамудам ва шукр, ки аз вақти ҷудонамудаам дида, зудтар ба хостаҳоям расидам. Бояд бигӯям, ки ин натиҷаи ниҳоӣ нест ва дар солҳои оянда боз ҳам зиёдтар кӯшишу ҳаракат мекунам,- нақл мекунад ӯ.

Номбурда пеш аз машҳур шуданашро чунин шарҳ медиҳад:

- Соли 2017 бо мақсади кор ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ ба Русия рафта будам. Он ҷо аввал ба ҳайси пешхизмат кор кардам ва бо сабабҳои зиёд маро аз кор пеш карданд. Баъдан тӯли 3-4 моҳ дар назди устои мошине шогирд истода, он касбро омӯхтам. Ҳамин тавр, чанд муддат кор кардам ва ҳоло ҳам гуфта метавонам, ки ба ғайр аз рэпсароӣ ҳунари дигарам устои мошин аст. Аммо баъдан фаҳмидам, ки кори сиёҳ барои ман нест ва ба Ватан баргаштам. Соли 2019 як “баттл”-и ман хеле машҳур шуд. Пасон, рэпҳои зиёд бо намоҳангҳояшон нашр кардам, ки мардум услуби навро хеле хуб қабул карданд. Фикр мекунам, ки сабаби аввали маъруфиятам агар кӯшишу заҳмати худам бошад, пас дуюм, роҳнамоӣ ва дастгирии Беҳрӯз Набиев (Барон) ҳам нақши калидӣ дорад. Зеро аввал намоҳангҳои ман дар ютубканали ӯ миллионҳо бинанда пайдо карданд ва пасон ман дар канали худам гузоштанро оғоз намудам.

Чанд соли охир бо шарофати дастрас шудани интернет ба аҳолӣ, рэп дар ҷумҳурии мо то андозае ҳаводорони худро пайдо кардаву рэпсароён маъруф шудаанд. Ҳоло рэпсароён дар маросимҳои ҷоизасупорӣ, дар консертҳо, дар намоишҳо ва ҳатто дар радаи аввали сомонаҳои мусиқӣ қарор доранд. Мардум, махсусан ҷавонон ин навъи санъатро хуш пазируфта, иҷрокунандагони мақбули худро доранд.

Мавзӯи аслии рэпи тоҷикӣ ишқ аст. Албатта, мавзуҳои модар, ғарибӣ, зиндагӣ ва ғайраҳо ҳам хеле зиёданд, аммо дар марказ тасвири ишқ меистад ва қисми зиёди шунавандагон рэпҳои ошиқиро гӯш мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД