Бердизода Сиёвуш-яке аз ҳаҷвнигори ҷавону муваффақи тоҷик аст, ки бо саҳначаҳои ҳаҷвии худ, ки мушкилоти оилавӣ ва проблемаҳои дигари ҷомеаро дар бар мегиранд, байни мардум маҳбубият пайдо кардааст.
Сиёвуш ҳарчанд дар Академия идоракунии давлатӣ таҳсил карда истода бошад, ҳам, ҳаҷвро тарк накардааст. Ин ҳаҷвнигор зимни сӯҳбат бо сомонаи Halva tj гуфтааст, ки ҳаҷвнигорӣ дар аввал камоли орзуҳояш буд, вале баъди ба синни ҷавонӣ расидан завқи саҳна гум шуда, ба хоббӣ, яъне шуғли дуюмдараҷа табдил ёфт.Айни ҳол бошад ӯро танҳо муҳаббати халқ дар рӯйи саҳна боз доштааст.
Сиёвуш Бердизода мехоҳад дар оянда ҳамчун корманди давлатӣ фаъолият намуда, ҳаҷв ва ҳаҷвнигоронро дастгирӣ намояд.
“Писарбачае аз шаҳри Роғун саҳначаи ҳаҷвӣ гузошт. Ҳамаи дастаҳои ҳаҷвнигории ҷумҳурӣ омада, аз ҳамин кӯдак ёд гиранд”, - гуфта буд раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Бердизода Сиёвуш, ки дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Лабханди зиндагӣ – 2011" ширкат варзида буд.
Сиёвуш Бердиев инчунин зимни сӯҳбат шикоятомез гуфтааст:
“Ман ба як чиз ҳайронам, ки барои чӣ моро ба ҳамоишҳои майдонӣ (театркунонида)-и сатҳи ҷумҳуриявӣ ё консерту чорабиниҳои пойтахт даъват намекунанд. Ё барои иштирок дар ин гуна чорабиниҳо ягон қоидаҳои хос мавҷуданд, ки ман бехабарам. Шояд моро хуб қабул карда натавонистаанд, ростӣ намедонам...”
Умед мебандем, ки ин гуна ҳаҷвнигорони ҷавону боистеъдод минбаъд дастгирӣ ёфта, ба консерту чорабиниҳои дигари фарҳангии ҷумҳурӣ даъват мешаванд.