Сиддиқ Шабоб, овозхони шинохтаи Афғонистон барои ширкат дар чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба Душанбе омад. Ин ҳунарманд аз дер боз бо Тоҷикистон ва сарояндагони тоҷик робитаи эҷодӣ дорад.
Тоҷикам
Дар бораи сафари Сиддиқ Шабоб ба Душанбе аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба хабар додаанд. Ба иттилои манбаъ, овозхон бо даъвати ҷониби Тоҷикистон омадааст. Дар намояндагии дипломатии Афғонистон ҳузури ӯро дар ҷашни Истиқлол бозгӯи «пайвандҳои деринаи фарҳангӣ, забонӣ ва ҳунарӣ» миёни мардуми ду кишвар арзёбӣ кардаанд. Худи Сиддиқ Шабоб низ тавассути саҳифаи иҷтимоияш аз омадан ба Душанбе хабар додааст.
Сафари имсолаи сароянда як вижагии дигар ҳам дорад. Чанд рӯз пеш аз омаданаш ба Тоҷикистон, 1-уми сентябр таронаи нави ӯ бо номи «Тоҷикам» нашр шуд. Мисраи калидии тарона «Тоҷикам, рақси забонам форсист» мебошад. Оҳанги онро худи Сиддиқ Шабоб эҷод карда, матни суруд ба Ҳорун Роъун тааллуқ дорад. Ин тарона маҳз дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон ба мухлисон пешниҳод гардид.
Аз Панҷшер ба саҳна
Сиддиқ Шабоб аз ҳунармандони маъруфи мусиқии муосири Афғонистон аст. Радиои Озодӣ дар як мусоҳибаи муфассал бо ӯ навиштааст, ки сароянда дар Ҷалолобод дар оилаи падару модари панҷшерӣ ба дунё омадааст. Худи ӯ худро тоҷик муаррифӣ мекунад. Сиддиқ аз хонаводаи таҳсилдида ва низомӣ буда, факултаи низомии Афғонистонро хатм кардааст. Аммо шавқи мусиқӣ ӯро водор сохт, ки роҳи дигареро интихоб кунад. Бародари калониаш Тоҳир Шабоб низ аз овозхонони маъруфи Афғонистон аст.
Сиддиқ хеле ҷавон ба саҳна омадааст. Ба гуфтаи худаш, ҳанӯз дар 17-солагӣ ҳамроҳи гурӯҳи «Лолаҳо» бо як сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон омада буд. Ин сафар ба оғози солҳои 1990 рост меояд. Нахустин таронаи худро дар Тоҷикистон дар толори Кохи Борбад иҷро кардааст.
Маҳз дар ҳамон солҳо ӯ бо чеҳраҳои маъруфи мусиқии тоҷик, аз ҷумла шодравон Кароматуллои Қурбон ва Хурмо Ширинова ошноӣ ва робитаи ҳунарӣ пайдо кард. Сиддиқ Шабоб баъдан гуфта буд, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни ҳунармандони Тоҷикистону Афғонистон бояд бештар густариш ёбанд. Ӯ дар мусоҳибаҳояш Тоҷикистонро ҳатто «ватани дуввуми хеш» номидааст.
Аз соли 1992 Сиддиқ берун аз Афғонистон ба сар мебарад ва солҳои зиёд дар Олмон зиндагӣ ва эҷод кардааст. Бо вуҷуди ин, дар мусиқии ӯ таронаҳои дарӣ ва пашту мақоми асосӣ доранд.
«Гулҳоро чида-чида» ва маҳбубият дар Тоҷикистон
Барои шунавандаи тоҷик номи Сиддиқ Шабоб пеш аз ҳама бо таронаи машҳури «Гулҳоро чида-чида» ошност. Соли 2014 ҳамин тарона дар озмуни байналмилалии «Ҷило» дар Душанбе соҳиби «Ҷоизаи оҳанги шарқ» гардид. Таронаҳои «Духтари хона» ва «Ма чӣ кардам» низ миёни шунавандагони тоҷик маъруф шудаанд.
Робитаи ӯ бо ҳунармандони Тоҷикистон дар солҳои охир низ идома кардааст. Сиддиқ Шабоб бо овозхони тоҷик Мубориз Усмонов таронаи «Духтари сардор»-ро иҷро кардааст. Моҳи марти соли 2026 бошад, таронаи муштараки ӯ бо Зулайхо Маҳмадшоева таҳти унвони «Наврӯз» нашр шуд.
Акнун, баъди солҳои зиёд, Сиддиқ Шабоб боз дар Душанбе аст ва бо туҳфаи нав суруди «Тоҷикам»!
БАХТОВАР