Sebiston new 2024 october
Шӯйи шаҳрӣ карда ба дӯзах афтидам
4032

 

Хушдомани ман ду духтар дораду чор писар. Фарзандонашро сахт дӯст медорад, ҳамаашро эрка калон кардааст. Аслан ҳамаи модарон фарзандонашонро дӯст медоранд, вале рафтору кирдори модаршӯйи ман ҳайрати касро меорад.

Ман аз субҳ то шом аз пайи кору бори хона гардам ҳам, дар чашми хушдоманам наметофт, вале ҳамин ки ягон духтараш косаеро обгардон кард, хонаро ба сараш мебардошт, ки ман тамоми кору бори хонаро ба сари қайсингилҳоям бор карда, худам рӯзи дароз бекор мешинам. Дар ин оила келинро ҳамчун хизматгор қабул мекунанд, касе парвои сер ё гурусна, бемор ё солим будани маро надошту надорад. Мабодо касал шуда гӯям, ки сарам ё дандонам дард дорад, хушдоманам дегро ба коса мезанаду косаро ба кафлез ва таънаю маломат менамояд, ки келини касалӣ дарди сараш шудааст. Қайсингилҳоям муфаттиш барин мудом кору бори маро назорат карда мегаштанд. Очаю духтарҳо дар ҳар як корам албатта ягон камбудӣ ёфта, маро масхара мекарданд, неш мезаданд. Як бурда нони мехӯрдаам дар ин хонадон дар танам заҳр мешуд. Билохира, оҳи дили ман қайсингилҳои нозгулакамро гирифт ва ҳардуяшон дар оилаҳои бад келин шуданд. Модаршӯям ҳар рӯз зиндагии онҳоро мисол оварда мегуфт, ки ман мисли шоҳдухтар каттагӣ карда мегардаму духтарҳои вай азоби сагро кашида, дар қишлоқ аз паси гову гӯсола давида мегарданд. Ба хушдоманам алам мекард, ки мани деҳотӣ келин шуда ба шаҳр омадаму духтарони шаҳриву хондагии ӯ дар қишлоқ келин шуданд. Гумон кардам, ки ақли хоҳаршӯйҳоям ба сарашон зада, хислаташон тағйир меёбад, вале ҳамагӣ як солӣ дар деҳа зиндагӣ карда, дили шавҳаронашонро ёфта ба шаҳр кӯчиданд. Ҳарду хонаву дари алоҳида доранд, зиндагиашон тинҷ аст, вале ҳар лаҳзаву ҳар соат ба модарашон занг зада, келин чӣ кор карда истодааст, келинат чӣ пухт, келинат чӣ хурд гӯён, ба зиндагии мо дахолат мекунанд. Намедонам ин ҳол то ба кай давом мекарда бошад. Ростӣ, аз зиндагӣ сер шудаам, ҷойи рафтан надорам, вагарна як дақиқа ҳам дар ин дӯзах намеистодам…


Фаридун: Агар падарам барнагардад, худамро мекушам!


P.S: Вақте ба шавҳари Саломат занг задем, тамоман бо мо гап задан нахост. Чанд маротиба телефонашро хомӯш карда бошад ҳам, мо хирагӣ карда гаштаю баргашта занг задан гирифтем. Ниҳоят ҷавонмард гӯширо бардошт ва чун шунид, ки завҷааш ба мо занг зада, дарди дил намудааст, сахт ба ғазаб омада, Саломатро дашному ҳақорати бисёр намуд ва гуфт:

Муноқишаву моҷарои келину хушдоман аз рӯзе, ки дунё вуҷуд дорад, буд, ҳаст ва мемонад. Ҳеҷ гоҳ келин ҷойи духтарро намегирад, зеро «ҷигар ҷигар асту дигар дигар». Ягона чизе, ки ба занам гуфта метавонам ҳамин аст, ки тоқат кунад. Ман чанд бор тарафи занамро гирифта ба модарам гапҳои пасту баланд гуфта, кампирро сахт ранҷондам ва дубора ин корамро такрор карданӣ нестам. Бе ин ҳам бародаронам маро таъна зада «занкалон» мегӯянд. Мақсади занамро ман хуб медонам, вай ба хоҳарони ман ҳасад мебарад. Мехоҳад вай ҳам хонаи алоҳида дошта бошад, то касе пишакашро пишт нагӯяд. Ростӣ, ду-се бор бо умед ба Русия мардикорӣ рафтам, ки пул ҷамъ карда хона мехарам, вале корам омад накард. Бемор шуда бо кисаи холӣ ба Ватан баргаштам. Аз афташ Худо намехоҳад, ки мо хонаи алоҳида дошта бошем ва шоҳона зиндагӣ кунем. Рисқу насибамон аз азал ҳамин қадар бошад, чӣ кор кунам? Ман худро ба дор овезам ҳам, бой намешавам, занам бояд ин ҳақиқати талхро қабул карда бо хушдоманаш муросо намояд. Саломат, оилаи обод мехоста бошӣ, модарамро ҳурмату эҳтиром карда, аз хати кашидааш берун набаро, вагарна….

Маслиҳати равоншинос:

Аслан ҳар як шавҳар бояд дастгиру мутаккои ҳамсараш бошад, чунки зан дар хонаводаи шавҳар танҳо як мӯнису ғамхор дорад. Бепарвоиву бетарафии шавҳар занро аз зиндагӣ дилсард ва бемор месозад. Салоҳиддин, фаромӯш накунед, ки шумо барои зану фарзандатон ҷавобгар ҳастед. Модоме дар чунин шароит умр ба сар мебаред, барои пуштибонии ҳамсаратон хомӯш нашинед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД