Имрӯз, 10-уми ноябр Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ-1 дар ноҳияи Синои пойтахт ширкат варзиданд.
Бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад.
Зимни мулоқот бо кормандони милитсия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳушёриву зиракиро пеша намуда, ҳамеша барои пешгирӣ кардани ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд.
Ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳамчунин мошинҳои нави хидматӣ супорида шуд.