Назокат дар хонаводаи зиёї чашм ба оламї њастї кушода буд, падараш омўзгори сахтгиру соњибобрў, модараш китобдори мактаб ва яке аз занони бомаърифату фарњангии дењаашон ба шумор мерафт. Назокат нахустфарзанди волидонаш буда, ду хоњар ва як додар дошт. Ўро бо абрӯвони сиёњи пайваст, чашмони бодомию миљгонњои баргаштааш, ќомати болою кокулони заминрўбаш, соњибљамоли дења мегуфтанд. Хоњаронаш њам дар њусну љамол ва одоб аз апаашон камї надоштанд… Назокат пас аз хатми мактаб аввалин духтаре буд, ки аз дењаашон ба хондан ба мактаби олї рафт. Панљ сол дар Донишгоњи омўзгорї тањсил карда, бењтарин донишљў ба шумор мерафт, шањр њам ўро таѓйир надод, доим бо либоси миллии зебанда ба дарс омада мерафт. Баъди хатми донишгоњ ба мактаби дењаашон ба кор омада, њамроњи падар ба тарбияи насли наврас камар баст, акнун хушрўи дења, яке аз муаллимањои љавону навовари ноњия буд. Назокат дар мактаб ягона муаллимаи мањаллї буд, ду муаллимаи дигар аз маркази ноњия ба мактабашон барои дарс гуфтан меомаданд. Њар субњ бо пирањани хушдухти атлас, дар сар тоќии зардузї мўйњои майдабофташ аз хами зонуњо поин хиромон дар кўчањои дења ќадамзанон љониби мактаб рафтани ўро дида, чанд нафар духтарон њаваси маълумоти олї гирифтанро карданд. Кадом падару модаре, ки ба хоњиши духтараш зид мебаромаду шањр љойи духтари ќишлоќ нест мегуфт, онњо Назокатро мисол меоварданд. Њамин тавр Назокат, ки муаллимаи фанни риёзї буд, се нафар шогирдашро ба донишгоњ бурд, пайравони ин духтари хушхулќи зебо дар дења афзудан гирифтанд. Харидоронаш аз мўйи сараш зиёдтар бошанд њам, падараш муаллими Аслам на њар касро ба духтари соњибљамолу њунармандаш лоиќ дониста, дањњо хостгоронро аз дараш ноумед равон кард. Харидорони ин гули зебо оњиста-оњиста кам шудан гирифтанд, зеро онњо ўро назарбаланду маѓрур пиндошта, дилашон сард мегашт. Вале дар асл….
Насињатњои кампир
Боре њамсояашон кампири Нурбибї ўро ба хилвате хонда гуфт:
-Назокатљон, чаро шавњар намекунї? Назокат намедонист ба саволи кампир чї љавоб дињад, кампир дид, ки духтар хомўш аст, ўро насињат кард:- Духтарам ба њусну зебоият маѓрур нашав, наход њамин ќадар хостгорро ноумед, намої, дар тули умри дарозам бисёр хушрўёнро дидам, ки оќибат пушаймон аз ин дунё рафтанд. Назокат медонист, ки кампири Нурбибї «алам» дорад, зеро падараш додари ўро, ки барои писараш хостгорї омада буд, ноумед намуд. Асалан Рустам, љияни кампир ба Назокат маъќул буд, ў љавони ќоматбаланди зебо, ронандаи автобус буд ва садњо духтарон њавасашро мехўрданд, аммо Рустам ошиќи зори Назокат буд. Назокат бо лабханди хиљолатомез маљбур шуда, сири дилашро ба кампири Нурбибї кушод:
-Момаљон, ман худамро њељ гоњ зебою доно намешуморам, охир падарам як бор аз ман намепурсад, ки шавњар мекунї ё не?! Намедонам ў киро дар бари ман дидан мехоњад? Айб нест, ман хоњишманди шавњар буданамро ба ў гўям?!
-Худо гирад, њаму падари «сурханбус»-и туро,- бо ќањр нидо кард, кампир. Назокатро аз ташбењи кампир хандааш омад, зеро падарашро дар ѓайбаш мардум Аслами сурх мегуфтанд, зеро њангоми ба ѓазаб омаданаш чењрааш арѓувонї мегашт. Пас аз як њафтаи ин сўњбат кампири Нурбибї бо хоњиши љиянаш худаш дастархон бардошта, хостгорї омад, модари Назокат, Заронгул ўро хуб ќабул карда бошад њам, «Сурханбус»-и гуфтагияш боз ба издивољи ду љавон розї нашуд. Барои Заронгул гапи шавњар ќонун буд, аз ин рў, кампирро љонибдорї карда натавонист. Кампири Нурбибї пеш аз рафтанаш ба муаллими Асалам гуфт: “кори хуб намекунї, муаллим, духтарро њайф мекунї!” Пас аз ин воќеа дигар касе Назокатро хостгорї наомад, ба «гуноњ»-и ў хоњарони ба ќадрасидаашро, ки яке омўзишгоњи тиббї ва дигарї омўзишгоњи педагогиро хатм намуда, кор мекарданд, харидор намешуд…
Сипари хоњарон
Хоњари калонияш Малоњат бо љавоне ањди муњаббат дошт, чун аз тарафи љавон хостгор омад, падараш боз бо њамон «оњанг»-и ќадим ба гап даромада буд, ки ѓайричашмдошти њама Назокат гуфт:
-Падарљон, илтимос, бахти маро сўхтед, кифоя, бигузор Малоњат хонадор шавад, ба бахти ў зомин нашавед! -Падар хашмгин шуда, чизе гуфтанї буд, ки Назокат гапашро бурид:-Агар розї нашавед, ман аз хона баромада мераваму ба Малоњат маслињат медињам, ки бе ризоияти шумо хонадор шавад! Муаллим исёни духтари боодобашро дида, чизе нагуфт ва хоњаронаш пайи ҳам оила бунёд карда, хушбахт шуданд. Назокат бошад, њамроњи зани додарашу волидонаш зиндагї мекард, синнаш ба чил расида буд. Ў тамоми њавасњояшро бо фарзандони хоњаронаш мекард, барояшон либосу пойафзолњои ќиммат харида, зодрўзњояшонро ботантана ќайд менамуд, онњоро ба тамошои мавзењои таърихии кишвар мебард, ѓами дили зангорбастаашро танњо хандаи беѓаши љиянњояш зудуда мекард. Падару модараш пир шуда буданду янгааш, ки худро хӯљаини мутлаќи хона медонист, гоњ-гоњ ба ў бењурматї мекард. Боре янгааш писарчаашро берањмона лату куб кард, Назокат кўдакро аз зери дасти модари золимаш кашида гирифта, келинро, ки шогирди собиќаш буд, сарзаниш кард:
-Э садќаи номи модар шав, ту беинсоф, кўдакатро зада мекушї?!
-Кори ту чї, мекушамаш, мехўрамаш, бачаи худам, аввал шў ёфта, якта зой, баъд ба ман маслињат дењ,-фарёд зад келин. Назокат барќ задагї барин карахт шуд ва кўдакро ба баѓали очааш гузошта, ба замин нишаст…
Рўзи дигар Назокат ба падару модараш гуфт, ки бо коре ба пойтахт меравад. Падараш кайњо ба нафаќа баромада бошад њам, дар мактаб дарс медод, Назокат аз ў хоњиш кард, ки то омаданаш дарсњои ўро назорат кунад. Ў аз даѓалии янгааш лаб накушода, маќсади сафарашро низ ба падараш нагуфт, Назокат мехост назди дугонааш Гавњар, ки муаллимаи донишгоњ буд, рафта љойе ёбаду дар пойтахт монад…
Вохўрии таќдирсоз
Њукми тасодуф буд ё хандаи бахт, ки ў дар автобуси Рустам, ки акнун марди хушќомату чорпањлўи зебое буд, нишаст. Рустам дар маркази ноњия зиндагї кунад њам, Назокатро дер-дер медид, вале то њол ишќи љавонї вуљудашро месухт. Рустам Назокатро дар курсии наздикии худаш шинонд, дили духтар њам пури гап буд, аз гап гап баромаду ў њама рози дилашро ба мард кушод. Рустам ба Назокат гуфт, ки ман дар пойтахт хонаи якњуљрагии холї дорам, писарам он љо зиндагї мекард, ки донишгоњро хатм карда баргашт. Агар хоњӣ, дар он љо зиндагї кардан гир. Назокат ин хел ранг гирифтани корро интизор набуд ва ба Рустам нигариста гуфт, “боз њамсарат фањмида…”
-Њамсарам аслан зани хуб аст ва њатто намедонад, ки хонаи зиндагї мекардаи писарам хонаи шахсии мо буд, беташвиш,- гапи ўро бурид Рустам. Њамин тавр, Назокат ба нею нестони модар ва зорињои падараш нигоњ накарда, сокини шањр шуд, Рустам гоњ-гоњ аз ањволаш хабар мегирифт, вале сўњбаташон дўстона буд… Бо ёрии Гавњар Назокат дар яке аз мактабњои бењтарини пойтахт ба кор шурўъ кард, саводу малакаи кории ўро дида, дар муддати кўтоњ ўро мудири бахши таълимии мактаб монданд. Ин бонуи оќила дар дилу дидаи мардум љо гирифта, тамоми њастии хешро ба кор бахшид. Муаллими Аслам аввал гумон кард, ки Назокат як рўз баргашта меояд, вале чун дид азми духтараш ќатъист, њама пасандози доштаашро љамъ карда, барои ў дар пойтахт хонаи якњуљрагие харида дод. Назокат хонаашро таъмир карда, љињозонида, ба Рустам рањмат гуфта, ба хонаи худаш кўчид. Рустам азм кард, ки моњи дигар омада, аз Назокат хоњиш мекунад, ки зани дуюмаш шавад, зеро то њол ўро дўст медошт, вале як рўзи сарди зимистон Назокат њангоми баргаштан аз кор лаѓжида афтоду сутунмуњрааш шикаст ва дигар аз бистар барнахост…. Дар чор моњи бистарї буданаш ќатори њама азизонаш Рустам низ њар њафта ба аёдаташ меомаду соатњо наздаш истода, бо ў сўњбат мекард. Як субњи бањорї Рустам чун њарваќта тўњфањои зиёде бардошта, ба хабаргирии Назокат омад. Бону аз вай хоњиши аљибе кард:
-Рустамљон, маро ба аѓбаи Фахробод намебарї? Ёд дорам, њар гоње бањорон ба пойтахт меомадам, аз дидани даштњои лолазор дилам ба ваљд меомад. Рустам аз љияни Назокат Холида, ки ўро нигоњубин мекард, хоњиш кард то њамроњи холааш ба мошин нишинад, онњо ба пуштањои аз лола суп-сурхи Фахробод омаданд. “Рустамљон, ман безеб шудаам?”- Пурсид бо мањзунї Назокат, “не, ту њоло њам хушрўи дењаӣ”,- бо ханда гуфт мард ва бори аввал љуръат карда, дастони Назокатро рўйи каф гирифт. “Агар чунин аст, пас маро бибўс, зеро ман дар умрам лаззати бўсаи мардро начашидаам”,- пичиррос зад Назокат…. Пас аз се рўзи ин сўњбат Назокати сўхтабахт ин оламро падруд гуфт….
Ҳилола