Қаҳрамони навбатии саҳифаи “Розҳои оиладорӣ” роҳбари гурӯҳи “Равшандилони Рӯшон”, овозхони машҳур Шӯҳрат Сайнаков мебошанд.
Шӯҳрат 17-уми сентябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Айни замон, дар ансамбли давлатии «Фалак» - и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд. Инак, розҳои оиладориро аз нигоҳи Шуҳрат Сайнаков пешкаши шумо мегардонем.
-Оила аз нигоҳи Шуҳрат Сайнаков бояд чӣ гуна бошад?
-Ман ҳамеша писарамро насиҳат мекунам, ки хешу табори ман, наздикони модараш ва дӯстону ҳамсояҳоро ҳурмат кунад, зеро ин яке аз шартҳои асосии оилаи намунавӣ аст.
-Рашкро қабул доред?
-Рашк хато асту гуноҳ. Он дар вуҷуди инсон мисли як кина аст. Касе, ки онро дар вуҷудаш ҷой медиҳад, сахт азоб мекашад.
-Зани идеалӣ барои шумо чӣ гуна аст?
-Зан бояд донишманд бошад. Зани идеалӣ ҳамонест, ки дониши хуб дораду ақлу фаросат.
-Кадом хислатҳои занонро намеписандед?
-Ба корҳои мард дахолат кардани занро.
-Барои мард дар оила бояд модар дар мақоми аввал бошад ё ҳамсар?
-То он замоне, ки мард муҷаррад аст, бояд ба модар бештар аҳамият диҳад. Вақте ки оиладор ва соҳиби фарзанд мешавад, бояд зан муқаддамтар бошад. Ман бо модару ҳамсарам тавре муносибат мекунам, ки на ин хафа шаваду на он.
-Вазифаҳои мард дар хона аз чӣ иборат аст?
-Мард, пеш аз ҳама, ноновари хона аст. Ӯ бояд тамоми шароитҳоро таъмин намуда, дар тарбияи фарзандон саҳм гузорад.
-Хушбахтиро дар чӣ мебинед?
-Дар оромии хонаву осудагии кишварам. Вақте тану ҷони ману аъзои оилаам ва тамоми мардуми шарифи кишвар ором аст, ин хушбахтист.
-Кадом роҳҳоро василаи тарбияи кӯдак медонед?
-Падару модари ман омӯзгор буданд. Вақте ки мо ягон шӯхӣ мекардем, модарам сари қаҳр мегуфтанд, ки ҳоло падаратон ояд, мебинед. Аммо вақте падарам, ҷояшон ҷаннат бошад, меомаданд, шӯхӣ мекарданду сарамонро сила. Он кас тамоман ба мо даст набардоштаанд, вале ҳамон сиёсаташон кофӣ буд, ки мо дарҳол шӯхию инҷиқиро бас кунем.
-Аз ягон мухлис изҳори муҳаббат шунидаед?
-Вақте дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” саҳифа кушодаму дар интернет фаъол шудам, аксарият менависанд, ки ман мухлиси шумоям. Ман ҳам бо онҳо шинос мешаваму изҳори хурсандӣ мекунам, ки мухлисон ба ман менависанду ҳунарамро қадр менамоянд.
-Мехоҳед, ки фарзандон пайроҳаи шуморо интихоб кунанд?
-Писари ман ҳоло тамоми сурудҳоямро аз ёд медонад. Гоҳҳо аккордеон ҳам менавозад. Албатта, ин аз беҳудагардию интернетбозӣ ва корҳои бемаънӣ хубтар аст. Ман розиям, ки онҳо санъаткор шаванд.
-Хӯрок пухта метавонед?
-Бале. Замони донишҷӯӣ маҷбур шуда, хӯрокпазиро омӯхтам. Ҳоло ҳам гоҳҳо аз кор бо табъи хуш омада, хӯрок мепазам.
-Занро “ҷинси латиф” ва “заифа” номидан дуруст аст?
- Не, ин комилан нодурст аст. Зан заиф нест. Ӯ қудрати зиёд дорад.
- Чӣ шуморо ба санъат овард?
-Дар оилаи мо ба ғайр аз ман дигар ҳама омӯзгоранд. Ман низ омӯзгорам ва ҳаргиз аз ин касб ба пуррагӣ даст накашидаам. Ин роҳе, ки айни замон интихоб кардаам, бароям ниҳоят муҳим аст.
-Дар ҳаёту ҳунар кумир доред?
-Дар зиндагӣ марҳум Қурбоналӣ Абдуллоеви равоншод идеали ман буданд. Дар либоспӯшӣ ба устоди бузург- Ҷӯрабек Муродов тақлиду пайравӣ мекунам. Дар ҷодаи ҳунар Давлатманди Холро устоди худ мешуморам.
-Таманнои шумо ба мухлисону хонандагони ҳафтавори мо дар арафаи 30–солагии Истиқлолияти давлатии кишвар.
-Ман чӣ будани Истиқлолиятро нағз медонаму қадр мекунам. Хусусан замони гуреза будан чӣ рӯзҳоеро паси сар кардем. Ҳоло мо шоҳему шоҳона зиндагӣ дорем. Ҳар вақте гузаштаамро ба ёд меораму онро бо имрӯз муқоиса мекунам, дилам лабрези шодиву фараҳ мегардад. 30–солагӣ ба ҳамаамон муборак бошад!