Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ»-ро баргузор кард, ки дар он чорвопарварон намудҳои гуногуни ҳайвонотро намоиш доданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 ноябри соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2 миллиону 507 ҳазор сар чорвои калон, аз ҷумла 1 миллиону 301 ҳазор модагов, 6 миллиону 262 ҳазор сар гӯсфанду буз ва 85 ҳазор сар асп мавҷуд аст. Дар ин давра 227,3 ҳазор тонна гӯшт ва 759,8 ҳазор тонна шир истеҳсол карда шудааст.
Тибқи таҳлилҳо, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калон 102 ҳазор сар, аз ҷумла модагов 50,2 ҳазор сар, гӯсфанду буз 258,3 ҳазор сар, асп 1060 сар, истеҳсоли гӯшт 12,0 ҳазор тонна ва шир 16,4 ҳазор тонна зиёд мебошад, - навиштааст ин ниҳод.