Дар шумораи №35 ҳафтаномаи “Оила” маводҳои зеринро мутолиа намоед:
Дар саҳифаи 2-и ҳафтанома мусоҳибаи Рафаэл Гулов дар доираи барномаи "Tojikbacha show" бо рэпсароёни шинохта Сиёвуш Қурбонов (C.ONE) ва Андалебов Диловар (AD Dilovar) дар ҳаҷми наздик ба 50 дақиқа нашр намуд, ки доир ба рэпи тоҷикӣ, мушкилоти он ва ҳаёти худи рэпсароён гуфта мешавад.
Дар саҳифаи номаҳо таҳти сарлавҳаи “Васияти падарамро иҷро карда, бадбахт шавам?”, “Бо акаҳоям чӣ хел оштӣ кунам”, “Фарзанди маъюб зоида, оилавайрон шудам” номаҳои кутоҳи хонандагони ҳафтаномаро мутолиа карда метавонед.
Дар саҳифаи 3 давоми қиссаи “Арӯс аз кӯча” интишор гардидааст, ки барои падару модарони сарватманд ва эрка кардани фарзанд пандомӯз асту ҳар нафарро ба андеша водор мекунад.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома дар рубрикаи “Оила ва ислом” вақтҳои намоз аз 1-ум то 30-юми сентябри соли 2022 дарҷ гардида, ба саволҳои хонандагон дар масъалаҳои шариат ва дини ислом посух гуфта мешавад.
Таҳти сарлавҳаи “Сатрпӯши дузд” қиссаи ҷавонзане дарҷ гардидааст, ки бо вуҷуди сатри аврат пушидани қуръонхон буданаш дар хонаи шавҳар даст ба дуздӣ мезанад.
Дар саҳифаи 7 давоми мусоҳибаи Рафаэл Гулов бо Сиёвуш Қурбонов (C.ONE) дарҷ гардидааст.
Дар рубрикаи “Аз ҳаёти ситораҳо” хабарҳои кутоҳро аз кору фаъолият ва зиндагии шахсии ситораҳои ҳинд ва турк мутолиа намоед.
Дар рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Бемориҳои мактабӣ?” дар бораи чанд беморие маълумот медиҳем, ки бештар дар мактаббачаҳо ба назар расида, ин касалиҳоро “бемориҳои мактабӣ” низ меноманд.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!