Дар тиб баъзе бемориҳоро бо зулук (шулук) табобат мекунанд ва инро дар тиб бо истилоҳи гирудотерапия (истифодаи зулукҳои тиббӣ барои табобат) шарҳ медиҳанд.
Табобати гирудотерапия:
- Дар бемориҳои пӯст (хориш), псориаз (қӯтур), аллергия, рехтани мӯйи сар, сабӯсак, экзема (балки дар пӯст);
- Дар бемориҳои занона (безурётӣ, сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, эрозияи гардани бачадон);
- Дар бемориҳои ЛОР (тонзиллит (илтиҳоби бодомакҳо), отит (илтиҳоби гӯш);
- Дар кардиология (гипертония – фишори баланди хун, инфаркти миокард);
- Дар ревматология (тарбод, артрит (илтиҳоби буғумҳо);
- Дар асабшиносӣ (неврит (илтиҳоби периферии асаб), парез (нимфалия – андаке гум шудани ҳаракат дар қисми фалаҷшудаи бадан) тавсия мешавад.
Сеансҳои муолиҷаи шулукӣ дар ҳолатҳои интиқоли хун (коагулятсия), вақте ки варамҳо (омосҳо) дар бадан мушоҳида мешаванд, инчунин ҳангоми ҳомиладорӣ бекор карда мешаванд.