Директори “Телевизиони Сафина” коргардони шинохтаи тоҷик Носир Саид, ки ҳамчун эҷодкори навовар шинохта шудааст, имрӯз ба рафти нишастҳои хабарӣ дигаргунӣ ворид намуда, ба ҷойи хондани маърӯза журналистонро ба сайри бинои нави “ТВ-Сафина” даъват кард.
Бинои нави “ТВ-Сафина” аз 5 ошёна иборат буда, тарҳи ниҳоят зебою ҷаззоби замонавӣ дорад. Носир Саид қайд кард, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои эшон дар соли 2023 санаи 13-декабр бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои нави “ТВ-Сафина” мебошад.
Дар ин бино 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевионӣ, оростани сӯҳбату муҳовараҳо ва пахшҳои мустаҳим вуҷуд дорад. Аз ҷумла барномаи иттилоотӣ-таҳлилии “Навид” студияи махсуси худро дошта, ҳамарӯза 6 барномаро бо 3 забон-тоҷикӣ, русӣ, англисӣ пахш менамояд. Дар “ТВ-Сафина” ҳамчунин студияи вертуалӣ вуҷуд дорад, ки бо истифода аз пешварӣ ва имкониятҳои муосири сабту пахш барномаҳои ҷолибро манзури тамошобинон мегардонад.
Бояд гуфт, ки тамоми студияҳо бо таҷҳизоти навтарини сабт ва пахши барномаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Журналистон бо шавқу завқи зиёде студияҳои ҷаззоб ва ба тамоми талаботҳои телевизиони муосир ҷавобгӯйи “ТВ-Сафина”-ро тамошо карда, раҳораҳ ба саволҳои худ аз Носир Саид ва дигар роҳбарони ин шабакаи маъруфи телевизионӣ ҷавоб гирифтанд.
“Ман ба шумо чизеро нишон медиҳам, ки дар ягон корхона нест”-бо ин суханон директори “ТВ-Сафина” Носир Саид хабарнигоронро ба толори варзишӣ бурд, ки бо треножорҳои гуногун муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Носир Саид гуфт, толори мазкур махсус ба хотири ҳифзи саломатии кормандони телевизон сохта шуда, дар он бо навбат се рӯз бонувон ва 3 рӯз мардон машқ мекунанд.
“Кормандони телевизон бояд мавзунқомат бошанд ва ҷавонию зебоии худро нигоҳ доранд. Ин толор дар нигоҳ доштани зебоии зоҳирӣ ва солимии кормандони “ТВ-Сафина” ёрӣ мерасонад”-таъкид намуд мавсуф.
Қобили тазаккур аст, ки бинои нави “ТВ-Сафина” дорои китобхонаи бой ва замонавӣ буда, дар он зиёда аз 2500 нусха китобҳои гуногуни бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ, ҳуқуқӣ ва таърихию соҳавӣ гирд оварда шудаанд. Дар китобхона гӯшаҳои махсуси “Фурӯғи субҳи доноӣ” ва “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” вуҷуд доранд. Тавре ки роҳбарияти “ТВ-Сафина” иттилоъ доданд, кормандони ин шабакаи телевизионӣ пайваста дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.
Ногуфта намонад, ки дар китобхонаи нави “ТВ-Сафина” тамоми асраҳои Пешвои миллат ва китобҳои дигаре, ки дар бораи кору пайкори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақл мекунанд, гирд оварда шудаанд.
“Дар соли 2023” мо тасмим дорем, ки “Радиои “Сафиа”-ро ташкил намоем. Омодагиҳо барои ин кор аллакай сар шудаанд. Насиб бошад, дар ҳамин соли 2024 “Радиои Сафина” ба кор сар карда, 24 соат дар як шабонарӯз барномаҳои ҷолиб ва шуниданбоб пахш мекунад ” хушхабар расонд директори “ТВ-Сафина” Носир Саид.